«Соро компания» ва «Истиқлол» дар финал бозӣ мекунанд

Дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол», ки дар лигаи бартари футзал шаҳри Душанберо намояндагӣ мекунанд, барои медалҳои тиллои Суперлигаи Тоҷикистон-2022 мубориза мебаранд.

Бозиҳои дуюми даври нимниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 баргузор шудаанд, ки дар натиҷа ду дастаи пирўз ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Маълум шуд, ки футзалбозони «Соро компания» ва «Истиқлол» барои медалҳои тиллои Суперлига мубориза мебаранд.

Дар даври нимниҳоӣ дастаи «Соро компания»-и пойтахт бар «Сипар»-и Хуҷанд ду маротиба бо ҳисоби якхелаи 5:2 пирўз шуд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар «Истаравшан» (11:2 ва 7:6) зафар ёфт.

Акнун дар даври ниҳоӣ дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» ва барои медалҳои биринҷӣ «Сипар» ва «Истаравшан» рақобат мекунанд.

Бар асоси низомномаи Лигаи футзали Тоҷикистон, бозиҳои ниҳоии Суперлигаи кишвар аз силсилаи то се пирўзии яке аз дастаҳо иборат буда, бозиҳо барои ҷойи сеюм дар формати то ду ғалаба баргузор мешаванд.

Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал

Нимниҳоӣ. Бозии дуюм

«Сипар» — «Соро компания» — 2:5

Ҳисоби умуӣ — 0:2.

«Истаравшан» — «Истиқлол» — 6:7

Ҳисоби умумӣ — 0:2.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *