Соя — Ҳирот — Амрико

Дур аз ошён

Нолаам аз синаи андӯҳбор афтодаам,

Лолаам к-аз доғи дил дар кӯҳсор афтодаам.

Нахли айёми шубобам шуд дуто аз бори ғам,

Навниҳолам дар чаман в-аз баргу бор афтодаам.

Шамъсон месӯзаму парвонасон ҷон медиҳам,

Пораи дардам зи қалби доғдор афтодаам.

Ашки гулгунам, ки меборам чу абри навбаҳор,

Оҳи ҷонсӯзам, ки аз қалби нигор афтодаам.

Ҷойгоҳам базми маҳбубон намебошад, ки ман,

Барги поизам, ки андар ҷўйбор афтодаам.

Навбаҳори умри ман бо номуродиҳо гузашт,

Шамъи бе нурам, ки бар пойи мазор афтодаам.

Ҳеҷ кас моро ба ҷамъи хештан ҷойе надод,

Гӯшаи узлат зи дасти рӯзгор афтодаам.

Доғҳо дорам ба дил пинҳон зи чашми дигарон,

Бисмилам в-аз доғи ҳирмон беқарор афтодаам.

Мурғи бе болу парам, аз ошён гаштам ҷудо,

Шоядам, эй дӯстон, дар раҳгузор афтодаам.

***

Асир  

Занам, ки гӯшаи узлат ҳарамсарои ман аст,

Зи ҳоли зори ман огаҳ фақат худойи ман аст.

Ба зиндагӣ накунад касе маро тақдир,

Дареғу дард пас аз марг аз барои ман аст.

Нигар, сиришти ман аз ранҷу ғам буд, зеро,

Ки яъсу ҷавру ҷафо ҳама дар қафои ман аст.

Дар ин саройи вуҷуд маро нест ҳаққи озодӣ,

Чаро ки қайди асорат ба дасту пой ман аст.

Занам,  ки масдари коре ба чашми мард наям,

Агарчӣ бори ҷаҳон рӯйи шонаҳои ман аст.

Шикастабол чу мурғи асир дар қафасам,

Ки тарҷумони дили ман ҳамин навои ман аст.

Манам, ки модари номоварони давронам,

Ва боғи хулди барин зери гомҳои ман аст.

Ба расми аҳди ҷаҳолат ба хона дар гӯрам,

Ба номи ин ки занам ман, ҳамин ҷазои ман аст.

Кашидаам ситаму ҷаври мардсолорӣ,

Агарчӣ вожаи озодӣ нидои ман аст.

манам, ки мояи айшу сурури мардонам,

Ҳазор   ғуссаи ногуфта моҷарои ман аст.

Заданд қуфли хамӯшӣ агар даҳони маро,

Барои ин ки ҳазорон ситам сазои ман аст.

Вале сиришти ман аз истиқомат асту вафо,

Сукут одати ин табъи порсои ман аст.

Илоҷи захми диламро зи ман чӣ мепурсӣ,

Яқин, ки марг давои ману шифои ман аст.

Ғуруру нахвату шоҳаншаҳист ҳирфаи мард,

Чу Соя хоки раҳу сабр муқтазои ман аст.

سایه — هرات — آمریکا

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *