Соҳиби “Ҷоизаи ҷаҳонии Бедили Деҳлавӣ” аз Тоҷикстон шуд

Профессор Замира Ғаффорӣ ҷоизаи ҷаҳонӣ барои бонувони донишмандро соҳиб гардид.

Дар ин бора Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иттилоъ медиҳад, ки профессори донишгоҳ, Замира Ғаффорӣ, бо «Ҷоизаи ҷаҳонӣ барои бонувони донишманд» қадрдонӣ гардид. Ҷоиза дар шаҳри Кошон, Эрон, дар доираи шашумин  “Ҷоизаи ҷаҳонии Бедили Деҳлавӣ” супорида шуд ва барои саҳми арзандаи профессор Ғаффорӣ дар таҳқиқи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, хусусан адабиёти форсизабони Ҳинд, дода шудааст.

Маросими супоридани ҷоиза бо ҳузури аҳли адаб ва фарҳанги маҳаллӣ баргузор гардид. Ҷоиза аз ҷониби «Конуни нашри фарҳанги исломии Кошон» таъсис ёфта, бонувони таъсиргузор дар соҳаҳои адабиёт, фарҳанг ва ҳунарро қадрдонӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *