«Старекс» дар дарёи Панҷ  

 

Дар ноҳияи Дарвоз  як садамаи нохуши нақлиётӣ рух дод. Ронандаи мошини тамғаи «Старекс», марди 55-солаи сокини ноҳияи Дарвоз ҳангоми ҳаракат аз самти   Хоруғ ба самти  Душанбе, дар деҳаи Рӯзвайи ноҳияи номбурда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба чуқурии 25 метр чаппа намуда, дар дарёи Панҷ ғарқ шуд.

 Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, мусофири дохили мошин, зани 46-солаи сокини шаҳри Хоруғ бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.