Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯён ва унвонҷӯён

Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯён ва унвонҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ таъсис меёбад.

Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Стипендияи мазкур барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну муассисаҳои илмии тадқиқотии ҳудуди  шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад.

Стипендияи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни  фаъол роҳандозӣ карда шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар сол барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *