Суғд: Муҷозоти 28 нафар барои паҳн кардани маводи порнографӣ
Дар вилояти Суғд 28 нафар барои истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ ва ғайриқонунӣ омодаю паҳн кардани наворҳои хусусияти порнографидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар ин бора Тоҷиддин Ҳафиззода, муовини якуми раиси суди вилояти Суғд хабар дод.
Ба иттилои ӯ, парвандаҳои мазкур тибқи моддаи 241-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, гунаҳкорон муҷозот гирифтанд. Ҳафиззода афзуд, ки дар 6 моҳи аввали соли равон омори ҷиноятҳои вобаста ба таҷовуз ба номус низ боло рафтааст. Танҳо дар шаш моҳи аввал 11 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз онҳо 5 ҳолат нисбат ба хешовандони наздик содир шудааст. Бархе аз гунаҳкорон ба ҳукми абад маҳкум шудаанд.

Тибқи омори пешниҳодшуда, сатҳи ҷинояткорӣ дар Суғд миёни ҷавонон, ноболиғон ва занон тамоюли афзоиш дорад. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввал 42 ҳолати авбошӣ, 26 ҳолати қаллобӣ, 21 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмӣ, 4 ҳолати ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона, инчунин 3 ҳолати одамкушӣ аз ҷониби занон ба қайд гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ