Суҳбати ҳайати Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ
Ба гузориши шабакаҳои телевизионии таҳти идораи Толибон рӯзи 15 ноябр як ҳайати иборат аз 14 нафараи Тоҷикистон вориди Кобул шудаанд. Гуфта мешавад, ки ин ҳайатро мақомҳои баландпояи амниятӣ ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин хусус хабаре нашр накардааст.
Хабаргузори “Бохтар”, ки вобаста ба ҳукумати Толибон аст, дар шабакаи иҷтимоии икс (Х) навиштааст, қарор аст ҳайати Тоҷикистон бо мақомҳои Толибон дар бораи “ҳамкориҳои оянда, вазъияти сафорати Афғонистон дар Душанбе ва дигар мавзӯъҳо ” гуфтугӯ кунанд. Вазорати хориҷаи Толибон то кунун ба таври расмӣ дар ин бора изҳори назар накардааст.
Ба гузориши манобеи “Хабаргузории Тасним” Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон ба расонаҳо гуфтаатнд, ки ҳайати баландпояи Тоҷикистон то кунун бо Амирхон Мутаққӣ, вазири хориҷаи ҳукумати Толибон дидор кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд ин ҳайат бо Муҳаммадҳасан Охунд нахуствазир ва Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти ҳукумати Толибон дидор ва гуфтугӯ хоҳанд кард.
Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Кобул дар ҳолест, ки Тоҷикистон, ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад.
Вале давоми чанд моҳи ахир сафари чанд мақомдори тоҷик ба Афғонистон расонаӣ шуд. Аз ҷумла чанде пеш расонаҳо сафари Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Қундузро гузориш дода буданд. Бино ба гузоришҳо гуфта мешуд, ки ин ҳайат бо даъвати волии Қундуз Мулло Муҳаммадхон анҷом дода шуддаст.
Чанде пеш хабаргузориҳо навишта буданд, ки Юсуф Вафо воли вилояти Балх дар Душанбе, бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Саид Мукаррам Абулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон мулоқот кардааст. Пештар низ расонаҳо сафари Саймумин Ятимовро ба Кобул ва мулоқот бо намоядагони Толибонро расонаӣ карда будаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ