Суғд: 15210 адад қонунвайронкуниҳо ошкор карда

Аз ҷониби масъулини мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд оид ба вазъи иҷрои қонунгузориҳо дар бораи замин, шаҳрсозию меъморӣ, муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи саломатии аҳолӣ, андозу гумрук, маориф, обу барқ ва ғайраҳо санҷида, зиёда аз 15210 адад қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуд.

Ба гуфти прокурори вилояти Суғд,  Воҳидов Ҳабибулло ғайр аз ин, ба 197 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин эътирозҳои назоратӣ оварда, 2 ҳазору 92 гектар қитъаҳои замини дар истифодаи ғайриқонунӣ қарордошта, ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

                                                                                                        Фарзона Муродӣ

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *