Суарес зери теғи ҷарроҳӣ мехобад

Ҳамлагари дастаи маъруфи “Барселона”-и Испания Луис Суарес ҷарроҳӣ мешавад. Бино ба хабари сомонаи “Барселона”, бофтаҳои пойи футболбоз ҷарроҳӣ хоҳад шуд.

Ҳамлагари дастаи маъруфи “Барселона”-и Испания Луис Суарес  ҷарроҳӣ мешавад. Бино ба хабари сомонаи “Барселона”, бофтаҳои пойи футболбоз ҷарроҳӣ хоҳад шуд.

Пас аз ташхиси тиббӣ маълум шуд, ки қисмати пойи росташ лат хӯрда ва ба амали ҷарроҳӣ ниёз пайдо шудааст.

Се рӯзе қабл, Луис Суарес дар ҳайати дастаи “Барселона” дар мусобиқаи нимафиналӣ алайҳи дастаи “Ливерпул”-и Англия бозӣ карда буд. Дар ин рақобат дастаи “Барселона” бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб шуд.

Луис Суарес дар ҳайати “Барселона” дар 41 бозӣ ширкат карда ва 25 маротиба ба дарвозаи ҳарифон гол задааст.

Дар соли ҷорӣ  дастаи “Барселона” қаҳрамони Испания шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *