Ӯзбекистон Қирғизистонро ба додгоҳи байналмилалӣ кашид

Додгоҳи байналмилалии арбитражӣ ба баррасии аризаи даъвоии Ӯзбекистон нисбати Қирғизистонро шурӯъ кардааст.

Додгоҳи байналмилалии арбитражӣ ба баррасии аризаи даъвоии Ӯзбекистон нисбати Қирғизистонро шурӯъ кардааст.

Ҷониби Ӯзбекистон дар иртибот ба ғасб шудани чаҳор осоишгоҳи Ӯзбекистон тавассути Қирғизистон дар Иссиқкӯли ин кишвар ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят кардааст.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 8 май нисбати шикояти Ӯзбекистон ба додгоҳи байналмилалӣ хабар додааст.

4 апрели соли 2016 дар пайи сард шудани муносибот бо Ӯзбекистон ҳукумати Қирғизистон осоишгоҳҳои “Дилором”, “Роҳат”, “Олтин қум” ва “Бӯстон” ба ихтиёри ин кишвар гузаронд.

Ба қабули чунин тасмим ба ҳудуди баҳсноки Чаласард ворид шудани техникаи ҳарбӣ ва аскарҳои Ӯзбекистон сабаб шуда буд.

Баъди дар Ӯзбекистон ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев равобит миёни Ӯзбекистону Қирғизистон беҳтар шуд ва дар моҳи декабри соли 2017 парлумони Қирғизистон шартномаи байндавлатӣ дар мавриди бозгардондани чаҳор осоишгоҳ ба Ӯзбекистонро тасдиқ кард..

Бо ин вуҷуд Қирғизистон то ҳол ин чаҳор осоишгоҳро ба Ӯзбекистон бознагрдондааст ва аз ин лиҳоз Ӯзбекистон маҷбур шудааст дар ин замина ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят кунад.

Дар соли 1960 Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ Иссиқкӯлро маркази тандурустӣ эълон кард ва Ӯзбекистон он замон аз ҳисоби буҷети худ дар ин ҷо чаҳор осоишгоҳ бунёд карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *