Судяҳо имтиҳон месупоранду то 63 солагӣ кор мекунанд

Акнун  дар Тоҷикистон онҳое, ки бори аввал ба мансаби судя  таъин мешаванд, бояд имтиҳони тахассусӣ супоранд.

Сатҳи дониши касбии судяҳои  ояндаро комиссияи махсуси  Додгоҳи олӣ, ки аз ҳисоби масъулони дастгоҳи президент, Кумитаи хизмати давлатӣ ва роҳбарияти худи Суди олӣ таъсис шудааст, хоҳад санҷид. Имтиҳони тахассусӣ ё касбии судяҳои  оянда, бар асоси тағйирот ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳо» сурат мегирад, ки се рӯз неш аз сӯи палатаи болоии парлумони кишвар тасдиқ шуд.

Судяҳо бояд ҳангоми супурдани имтиҳон, ки асосан аз даҳ бахш иборат аст, шурӯъ аз конститутсия то кодексҳои мурофиаву ҷиноятӣ, маълумот дошта бошанд. “Судяҳо, ки дар мурофиаҳо тақдири садҳо нафарро ҳал мекунанд, бояд касбияти худро хуб донанд”-гуфтааст  як манбаъ аз Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон .

Талаби супурдани имтиҳон ҳам ба хотири боло бурдани сатҳи касбии судяҳои оянда гуфта мешавад. Як соли пеш ҳам барои довталаби кор дар судҳо  навиштани диктант ҷорӣ шуда буд, ки садҳо довталаби курсии судягӣ аз имтиҳони забони тоҷикӣ баҳои “ду” гирифта буданд.

Солҳои қабл Шӯрои адлияи Тоҷикистон барои қабули судяҳо озмун эълон мекард ва ҳар он нафаре, ки аз озмуни ин ниҳод мегузашт, пас аз як соли коромӯзӣ бо фармони президент судя таъин мешуд. Вале як моҳ қабл Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба ҳайси як ниҳоди мустақил барҳам дода шуд ва тамоми вазифаҳояш ба зиммаи Суди  олӣ ва Суди олии иқтисодӣ гузашт.

Ҳамзамон бар асоси тағйирот ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳо», барои судяҳои тоҷик меъёри синну соли ба нафақа баромадан муқаррар карда шуд, ки тибқи он, занон пас аз синни 58-солагӣ ва мардон аз 63-солагӣ наметавонанд ба фаъолияи  худ идома диҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.