Суханронии Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои ИДМ
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ин бора телеграмканали раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ кард.

“Зимни суханронии худ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои интихоботи парламентӣ дар Тоҷикистон ибрози назар кард. Ӯ аз кори мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ