Суғд: Оғози маъракаи ҷамъоварии пахта дар Конибодом

Дар шаҳри Конибодом мавсими ҷамъоварии пахта оғоз ёфт. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар чиниши аввалин ҳосили “тиллои сафед” иштирок намуд.

Кишоварзони Конибодом дар мавсими имсола дар майдони 3901 гектар пахта кишт кардаанд. Бо мусоид омадани обу ҳаво ва меҳнати шабонарӯзии деҳқонон интизор меравад, ки ҳосили фаровон ба даст омада, ба хирмани давлат супорида шавад.

Дар Ҷамоати деҳоти Кӯҳандиёр ҷамъоварии ҳосил оғоз ёфт. Раиси вилоят зимни суҳбат бо кишоварзону собиқадорони соҳа таъкид намуд, бояд пахта, ки ашёи муҳим барои соҳаи саноат аст, пурраву беталаф ҷамъоварӣ карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *