Тӯлонитарин маликаи Бритониё — Елизаветаи II даргузашт (аудио)

Маликаи Бритониё Елизаветаи II дар қалъаи Балморал дар Шотландия дар синни 97-солагӣ даргузашт.

Дар бораи даргузашти Елизаветаи II қасри Букингем иттилоъ дод. Елизаветаи II дар тӯли 70 сол маликаи Бритониё буд ва тӯлонитарин подшоҳ дар таърихи ин кишвар будааст.

Сарвазири нави Бритониё Лиз Трасс гуфт, ки «кишвар аз чунин хабарҳо ба таври ҷиддӣ нигарон аст ва ман ва тамоми мардум дар саросари Бритониё дар канори наздикону хонаводаи Малика ҳастем».

Бояд гуфт, ки дар охири моҳи феврал расонаҳо дар бораи мушкили ҷиддии саломатии Елизаветаи II хабар дода буданд. Дар охири моҳ маълумот дар бораи сирояти малика ба коронавирус расонаӣ шуд.

Пас аз марги Елизаветаи II шоҳзода Чарлз ба тахт нишаст. Чарлз номи Карл III-ро интихоб кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *