Тӯмори Додоҷони Атовулло. Тоҷикони ҷаҳон дар карантин машғули чӣ коранд?

Марафон дар айвон, тарси бепулӣ ва опера дар балкон

Феълан ҷомеаи ҷаҳонро COVID-19 ба ташвиш овардааст. Ин вируси марговар ба 150 давлати ҷаҳон доман паҳн карда, дар бисёре аз кишварҳо ҳолати фавқулода ва ё карантин эълон шудааст. Имрӯз мегополисҳои бузургтарини олам холӣ шуда, мардум маҷбуранд ба хотири ҳимояи худ аз хонаҳо берун набароянд. Дар ҳолати карантин инсонҳо шеваҳои нави вақтгузарониро меҷӯянд. Бархе аз ин шуғлҳо дар интернет миллионҳо тамошобин пайдо кардааст. Ҳазорон тоҷик низ феълан дар Аврупову Амрико ва Русия таҳти карантинанд. Онҳо вақти худро чӣ гуна мегузаронанд?

Тӯмори Додоҷони Атовулло

Журналисти маъруфи тоҷик, Додоҷони Атовулло, ки феълан дар Аврупо ба сар мебарад, бар он бовар аст, ки Парчами Тоҷикистон ӯро аз вируси корона ҳифз мекунад. Ба ин хотир ӯ Парчамро дар балкони худ кашол карда, онро “Тӯмор” унвон кардааст.

“Парчам мисли рӯсарии хоҳар, ҷойнамози модар барои ҳар ВАТАНДОР азиз аст.

Имрӯз ман Парчами Тоҷикистонро, ки аз Душанбе армуғон оварданд ва бӯи Ватан мекунад, дар балкон овехтам.

Ба он хотир, агар сайёде бо номи коронавирус бар суроғам биёяд, ба ин як пора матои муқаддас, ки порае аз пироҳани Ватан аст, бипечонанд”,-навиштааст Додоҷони Атовулло дар саҳифаи Фейсбуки худ.

Опера аз балкон

Шоҳрух Юнусов, операсарои ҷавони тоҷик, донишҷӯи Консерваторияи давлатии ба номи Ҷузеппе Верде дар шаҳри Милан низ дар корантини шадид қарор дорад.   Ӯ чанд рӯз боз инҷониб шомгоҳон аз айвони манзили зисташ суруд месарояд, то ҳамсояҳо андаке аз афсурдагии реҷаи каратин ва хабарҳои нохуш раҳо шаванд.

 “Дар Италия ду ҳафта боз реҷаи каратин амал мекунад, бидуни зарурат берун баромадан мумкин нест. Ман аз шабакаҳои иҷтимоӣ дидам, ки дар баъзе шаҳрҳо мардум барои болидарӯҳии якдигар суруд месароянд. Ман низ як бегоҳ баромадаму сурудам. Хостам ҳамсояҳоро каме болидарӯҳ созам. Бинам ҳамсояҳо як-як баромаданд ва сурудани маро ба хушӣ пазируфтанд. Акнун ҳар бегоҳ соати 6 ҳамсояҳо номи маро садо мекунанд, ки барояму сароям», — мегӯяд Шоҳрух.

Шоҳрух Юнусов нахуст суруди “O Sole Mio” (“Офтоби ман”)-ро аз айвони хонааш сароид ва ба қалби ҳамсояҳояш, ки ҳамагӣ дар карантин ҳастанд, роҳ ёфт. Ин тарона барои аксар итолиёвиҳо ошност ва онро овозхони маъруфи он кишвар Лучано Павароттӣ сароидааст.  

Юнусов мегӯяд, ки ду ҳафта боз мисли дигар сокинони Италия таҳти реҷаи карантин дар хона қарор дорад. «Аммо таҳсил дар донишгоҳ тавассути интернет идома дорад, ба ҷуз аз машғулиятҳои амалӣ аксарияти дарсҳои назариявиро тавассути интернет меомӯзем»,-иброз дошт ӯ.

Юнусов мегӯяд, барои харидани хӯрок ба берун баромадан мумкин аст ва дар мағозаҳо ҳама гуна хӯрок вуҷуд дорад. Танҳо на бештар аз 10 нафар метавонанд дар мағоза бошанд.

Шоҳрух Юнусов бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсил ба Милан фиристода шуд ва айни ҳол забони итолиёвиро балад аст.

Марафон дар айвон

Айвон на танҳо барои операсаро Шоҳрух Юнусов, балки барои варзишгари тоҷик Абдулваҳҳоби Бобоҷон (Муминҷониён) низ макони вақтгузаронӣ шуд.

Ин ҷавони 22 — сола дар айвони 5 метраи худ 42 километри комил, яъне марафонро давид. Ӯ ин масофаро дар 6 соат тай намуд ва ҳаракати ӯро масофаченкуни дастӣ ҳисоб кард.

Абдулваҳҳоб аз соли 2014 ба давидан машғул аст. Аз моҳи сентябри соли гузашта вай дар Вена зиндагӣ мекунад. Дар ин шаҳр низ низоми карантин ҷорӣ буда, танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ берун баромадан иҷозат аст. 

Абдулваҳҳоб дар ин амал ба Элиша Ночомовитс ном шаҳрванди Фаронса пайравӣ кардааст, ки 42 километрро дар болкони 7 метрааш давида буд.

Тарси мушкили молӣ

Фирӯз Баротов бо аҳли оилааш дар шаҳри Ню-Йорк кору зиндагӣ мекунад ва ҳоло дар хона аст. Ӯ мегӯяд, шароити карантини ҳатмӣ калонсолонро аз кору даромад дур кард, вале хурдсолон бар асоси барномаи мактабӣ таҳсилро ба таври фосилавӣ аз хона идома медиҳанд.

Баротов гуфт, муқаррароти таҳсил бисёр ҷиддӣ назорат ва иҷро мешавад: «Хонандаҳо аз 8:20-и субҳ то 14:30 ба воситаи интернет бо муаллимашон дарс мехонанд, агар хонандагон давоми 1-2 соат аз худ дарак надоданд, ҳамон замон масъулони мактаб занг зада, аз волидон куҷо будани бачаҳоро мепурсанд.»

Дар иваз, ба гуфтаи ин падари панҷ фарзанд, Департаменти маорифи Ню-Йорк ҳама шогирдонро дар шароити хона бо интернети бепул ва се маҳал ғизои гарм таъмин кардааст.   

Ба гуфтаи ӯ, танҳо мушкили ӯву бисёр муҳоҷирони тоҷик ин бекорӣ аст, ки ба даромади оилаҳо таъсир мерасонад ва муҳимтарин хароҷот – пардохти иҷорапулӣ, ки аз 1500 то 2500 доллар дар моҳ аст, зери суол меравад.

Муҳоҷирон муқобили вирус

Шавкат Саломиддинов як муҳоҷири тоҷик дар Русия дар шабу рӯзи карантин ҳам бекор нест. Ӯ  нақлиёти ҷамъиятиро дизинфексия мекунад.

“Идораи санитариву эпидемиологии Маскав дар шабу рӯзи карантин наметавонад бо қувваи худ нақлиётро дезинфексия кунад, бинобар ин аз қувваи муҳоҷирон истифода мебарад. Ин хуб аст, ки дар ин шароити вазнин бекор намондем. Либоси муҳофизатӣ, антисептик ва дигар шароити моро муҳайё кардаанд”,- мегӯяд, муҳоҷири тоҷик.

О. Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *