Тағйироти кадрӣ. Ректори нави ДСРТ кист?

Файзулло Машраб Қурбоналӣ ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом Тоҳир Хоҷазодаро иваз кард.

Файзулло Машраб то ин замон номбурда вакил ва раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия буд.  Файзулло Машраб Қурбоналӣ 49 сол дошта, зодаи ноҳияи Балҷувон мебошад. Номбурда мактаби миёнаи №6 ба номи А. С. Пушкин ноҳияи Фархорро бо медали нуқра ва соли 1995 факултети банақшагирӣ-иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)- ро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор аст.

Аз соли 1996 то соли 1997 ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ»-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи март то июни соли 1997 дар Маркази тайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогии (ЦПНПК) ДДМ ба номи М.В. Ломоносов, солҳои 1997-2000 дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи кафедраи «Иқтисодиёти корхонаҳо ва асосҳои соҳибкорӣ»-и ДДМ ба номи М. В. Ломоносов таҳсил карда, рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Особенности инновационной деятельности фирм» дар Шўрои диссертатсионии Д 501.002.02 ДДМ ба номи М. В. Ломоносов ҳимоя намудааст.

Аз моҳи ноябри соли 2001 то моҳи майи соли 2003 ба сифати муҳосиби Намояндагии Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон (Tajikair) дар ш.Москва, аз моҳи майи соли 2003 то моҳи феврали 2006 дар вазифаҳои ҷонишини сардори Мудирияти корҳо, сардори шуъбаи сиёсати иқтисодии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи шартномаҳои КВД ҳавопаймоии «Тоҷикистон» фаъолият намудааст.

Аз моҳи феврали соли 2006 то моҳи феврали 2010 дар вазифаҳои декани факултаи таҳсили ғоибона ва мудири кафедраи менеҷменти инноватсионии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2010-2012 дар докторантураи кафедраи менеҷменти инноватсионнӣ ва истеҳсолии Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи Москва (МЭСИ) таҳсил ва рисолаи докториашро пеш аз мўҳлат ҳимоя намудааст.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2006, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ мебошад. Раиси шўрои диссертатсионии 6D.KOA-029, аъзои шўрои диссертатсионии 6D.KOA-004 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа(PhD), доктор аз рўи ихтисос, аъзои Шўрои диссертатсионии Д 999.020.02 ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории назди ДМТ ва ДСРТ буда, муаллифи 6 монография, беш аз 182 мақолаҳои илмӣ ва 18 китобу дастурҳои таълимӣ мебошад.

 Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *