Тағйири ном: Туркия акнун Türkiye аст, на Turkey

Созмони Милали Муттаҳид дархости Туркияро дар бораи тағйир додани номи ҷумҳурӣ ба забонҳои хориҷӣ дар ҳуҷҷатҳои расмӣ қонеъ кард. Дар ин бора Стефан Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба РИА «Новости» хабар додааст.

— Republic of Turkey» (Ҷумҳурии Туркия) ба «Republic of Türkiye» тағйири ном кард,- изҳор доштааст Дюжаррик. Ба гуфтаи ӯ, ин тағйирот дарҳол пас аз муроҷиати мақомоти Туркия эътибор пайдо кардааст.

Акнун шакли расмии ин кишвар Türkiye аст, на Turkey. Тавре Мавлуд Човушуғлӯ, вазири умури хориҷии Туркия тавзеҳ додааст, тағйирот дар имлои номи Туркия дар чаҳорчӯби иқдомоти Анқара бо ҳадафи «баланд бардоштани эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ» қабул шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.