Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои давлатӣ
Имрӯз, 2 май Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои навтаъинро ба вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар сохторҳои низомӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маориф ба ҳузур пазируфта, барои иҷрои масъулиятҳои нав ба онҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Бо фармонҳои Сарвари давлат:
–Каримзода Муҳиддин фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон,
–Мирзозода Саломатшо муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ,
–Холмуҳамадзода Сорбон директори Агентии назорати давлатии энергетикӣ,
–Муродализода Далер муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
–Абдурраҳмонзода Иноятулло муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ,
–Раҳмон Исломиддин директори Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдо,
–Раҷабзода Ҳайдаралӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ,
–Каримзода Насимҷон, Норзода Шариф ва Ашурализода Абдураҳмон муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,
–Олимзода Зоҳир муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио,
–Қурбонзода Усмоналӣ муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа,
–Сатторзода Бобоҷон ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин шуданд.
Инчунин, роҳбарони нави “Маркази миллии тарҷума” ва минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара” аз ҳисоби мутахассисони ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.
Бо дастури Президент, директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Абдуллозода Исматулло ва муовинони ӯ бинобар камбудиҳои молиявии ошкоргардида аз вазифа озод шуданд.
Президенти мамлакат зимни мулоқот таъкид кард, ки вазифаҳои давлатӣ бояд бо садоқат ба Ватан, масъулиятшиносӣ, сатҳи баланди касбият ва риояи интизоми хизматӣ иҷро шаванд. Ба бахшҳои мудофиа, сарҳад, энергетика ва меҳнат дастур дода шуд, ки назорат ва самаранокии фаъолият дар ҳамаи самтҳо тақвият дода шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ