Тақдими “Хазинаи тиллои тоҷикон” ба Китобхонаи шаҳри Токио

Имрӯз, 22-юми ноябри 2022 дар Китобхонаи шаҳри Токио вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов бо директори Китобхонаи марказии Токио Фукузаки Хироши баргузор гардид.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон, зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба барқарор намудани ҳамкориҳои муштарак байни китобхонаҳои Тоҷикистон ва Китобхонаи шаҳри Токио, аз ҷумла дар самти фаъолияти китобдорӣ ва китобхонашиносӣ, ташкили намоишҳои китоб дар Тоҷикистону Япония ва мубодилаи коршиносон дар тамоми соҳаҳои китобдорӣ табодули назар намудаанд.

Дар фарҷоми мулоқот ба Китобхонаи шаҳри Токио чанд нусха аз китоби “Хазинаи тиллои тоҷикон” (муаллиф Ҳамрохон Зарифӣ), ки соли ҷорӣ ба забони японӣ ба нашр расид, тақдим гардидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.