Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Мастура Воҳидова то Рӯзи байналмилалии нобиноён

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Мастура ВОҲИДОВА (1922), 100-солагии зодрӯзи пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Владимир СЕРЕБРОВСКИЙ (1937), 85-солагии зодрӯзи рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Аз таърих:

— Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии некӣ таҷлил мешавад. Санаи ифтитоҳи конфронси 1-уми Ҳаракати ҷаҳонии некӣ дар Токио соли 1998 интихоб карда шуд. Ҳадафи ин рӯз муттаҳид кардани ҷунбишҳои хайрхоҳӣ дар кишварҳои мухталиф аст, то одамон дарк кунанд, ки некӣ кардан ҳеҷ мушкиле нест. Ҳадафи дигари Рӯзи ҷаҳонии хайрхоҳӣ мусоидат ба муттаҳидшавии миллатҳои гуногун, сарфи назар аз тафовути забонӣ ва фарҳангӣ мебошад.

— 115 со пеш дар ин рӯзи соли 1907 аввалин парвози инсон дар чархбол сурат гирифт. Аввалин касе, ки бо чархбол ба ҳаво баромад, механики велосипедрони фаронсавӣ Пол Корну буд. 13-уми ноябри соли 1907 ба ӯ муяссар шуд, ки бо чархболе, ки худаш сохта буд, ба баландии 50 см амудӣ ба ҳаво баромада, 20 сония дар ҳаво овезон шавад. Муваффақияти асосии Корну — ин кӯшиши идорашавандаи чархбол буд (аммо гуфтан мумкин нест, ки ин кӯшиш бо муваффақияти комил ба даст омадааст). Барои он ихтироъкор дар зери винтҳо сатҳҳои махсус насб кардааст, ки ҷараёни ҳаворо аз чархбол инъикос мекунанд. Аввалин чархболи устувори идорашаванда танҳо дар соли 1922 пайдо шуд.

— Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён аст, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар зодрӯзи омӯзгори маъруф Валентин Гаюй, ки дар Парижу Санкт-Петербург чанд мактабу корхонаи нобиноён ташкил кардааст, таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба онҳое мебошад, ки аз биноии доимӣ маҳрум шудаанд ва дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд.

Тибқи маълумоти ТУТ, имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 2,2 миллиард нафар бо ягон намуди нуқсони биноӣ зиндагӣ мекунанд, ки 36 миллион нафари онҳо нобиноёнанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.