Тақвими рӯз: Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ

Имрӯз шахсони зерин зодрӯз доранд:

Григорий Пелепенко (1932-2000), 90-солагии зодрӯзи олими соҳаи педагогика, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Александр Стрелюхин (1902-1981), 120-солагии зодрӯзи доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Алишер Сараев (1967), 55- солагии зодрӯзи олими соҳаи тиб.

Имрӯзи таърих:

— Имрӯз Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ аст. Ин ҳайвони нодир ба далели камшумориаш ва хатари дохил шудан дар қатори навъҳои зери хатари нобудшавӣ ба Китоби Сурх шомил шудааст. Макони зисти ин ширхӯри гурба баландкуҳҳои Осиёи Миёна мебошад. Саршумори умумии бабри барфӣ дар ҷаҳон тақрибан 7 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

— 208 сол пеш дар Лондон ҷарроҳ Ҷозеф Карпу аввалин ҷарроҳии пластикиро дар Аврупо анҷом дод. Гумон меравад, ки ҷарроҳии пластикӣ ҳанӯз дар соли 600 пеш аз милод дар Ҳиндустон анҷом дода шудааст. Пас аз он, то охири асри 15 осори рушди ҷарроҳии пластикӣ мавҷуд нест. Дар ин вақт Ситсилия Антони Бранка барои таъмири гӯшҳо ва лабҳои осебдида аз дасташ матои худро истифода бурд. Ва Гаспар Талякотси итолиёвӣ асосгузори ҷарроҳии муосири пластикӣ маҳсуб мешавад: дар соли 1597 ӯ рисолаеро дар бораи барқарорсозии бинии вайроншуда бо истифода аз пораҳои бофтаи даст нашр кардааст. Аммо эҷодиёти Талякотсиро ҳамзамонони ӯ маҳкум карданд: онҳо амалиёти ӯро ғайриқонунӣ ҳисоб карда, онҳоро ҷинояти зидди табиат медонистанд.

23-юми октябри соли 1814 Ҷозеф Карпу дар Лондон аввалин ринопластикаро дар Аврупо бо усули «ҳиндустонӣ» анҷом дод. Он бомуваффақият гузашт. Аз ҳамон лаҳза ҷарроҳии пластикӣ босуръат инкишоф ёфт. Дар охири асри 19 садҳо мақолаҳо нашр шуданд, ки усулҳои гуногуни ҷарроҳии пластикиро тавсиф мекунанд. Аз он вақт инҷониб ҷарроҳии пластикӣ пешрафтҳои бениҳоят ба даст овард ва имрӯз ба яке аз соҳаҳои мустақили тиб табдил ёфт.

— Дар ин рӯз дар Маскав дар Дубровка ҳамлаи террористӣ рух дод. 23-юми октябри соли 2002, соати 21:15 афроди мусаллаҳи ниқобпӯш вориди бинои Маркази театрӣ дар Дубровкаи Маскав шуданд. Дар он вақт дар Қасри маданият мусиқии «Норд-ост» давом мекард, дар толор зиёда аз 700 нафар ҳозир буданд. Террористон тамоми мардум – тамошобинон ва кормандони театрро гаравгон эълон карда, ба минасозии бино шуруъ карданд. Ин як отряди ҷангҷӯёни чечен буд, ки худро маргталаб эълон карда, аз Чеченистон хуруҷи неруҳои Русияро талаб мекарданд. Музокирот бо ҷангҷӯён тӯли се рӯз сурат гирифт ва рӯзи 26-уми октябр ҳамла ба бино оғоз шуд. Мовсар Бараев ва аксари террористон кушта шуданд. Теъдоди террористони безараршуда 50 нафар — 18 зан ва 32 мард буд. Тибқи иттилои расмӣ, дар миёни гаравгонҳо 130 нафар кушта шудаанд, ки 10 нафари онҳо кӯдакон будаанд.

Дар солгарди аввали он ҳодисаҳои фоҷиабор дар назди бинои Маркази театрӣ дар Дубровка ёдгории «Ба хотираи қурбониёни терроризм» ифтитоҳ ёфт. Соли 2014 дар кӯчаи Мелниковаи Маскав сохтмони калисо ба ифтихори муқаддасони Кирилл ва Мефодий ба хотираи кушташудагон дар ҳамлаи террористии Дубровка ба анҷом расид.

— 22 сол пеш, 23-юми октябри соли 2000 бостоншиносони чинӣ осорхонаи асбобҳои мусиқии бостониро кашф карданд, ки 2000 сол пеш дар давраи сулолаи Ҳан сохта шуда буд. Сарфи назар аз синну солашон қариб ҳамаи 150 экспонати ёфтшуда дар ҳолати хуб буданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.