Таҷлили  30-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар Амонатбонк (аксҳо)

Бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Дар ҷаласа Раиси Раёсати бонк ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” Салимзода А.А., муовини раиси раёсат Ризвонзода Ф.З., раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Казакова У.С., собиқ муовини раиси ҲХДТ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сафаров С.С., инчунин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” аз ҳисоби кормандони бонк ширкат варзиданд.

Салимзода А.А. ҳозиринро ба 30-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик  намуда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ – сиёсӣ буда, фаъолияташ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, равона шудааст.

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, дар марҳилаи басо душвор ташкил гардидааст. Нуфуз  ва эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Раиси муаззами Ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст”,-иброз дошт номбурда.

Қайд гардид, ки дар бонк Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” мавҷуд буда, аъзоёни он бо фаъолияти пурсамари худ, фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва фарҳанги баланди маънавӣ саҳми босазои худро баҳри беҳбудии ҷомеа равона карда, ба натиҷаҳои боз ҳам хуби молиявӣ ноил гаштанд ва дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

 Раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Казакова У.С., собиқ муовини раиси ҲХДТ Сафаров С.С. ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло бошанд, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа давоми 30 соли фаъолият барои рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои назаррасе анҷом дод.

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ташкил шуд ва ҳамчун зодаи замони истиқлол рушд кард. Маҳз хислати мардумсолорӣ, ғояҳои созандаву бунёдгарона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ҳизби моро дар миёни ҷомеа ба таври шоиста муаррифӣ кардаанд”, таъкид доштанд баромадкунандагон.

Дар фарҷом ба як қатор аъзоёни нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *