Рухшона профессор

Тағйироти кадрӣ дар ДДОТ. Профессор Қурбонзода муовини ректор шуд

Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1824 ва дар асоси пешниҳоди ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ибодуллозода Аҳлиддин доктори илмҳои филология, профессор Қурбонзода Рухшона Қурбон ба вазифаи муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба муносибатҳои байналмилалӣ таъйин гардидааст.

Қурбонзода Рухшона Қурбон 21-уми майи соли 1972 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Таҳсилоташ олӣ буда, соли 1989 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №82-и шаҳри Душанбе ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти араб ва тоҷик бо дипломи аъло хатм кардааст. Фаъолияти омӯзгориро дар яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом оғоз кардааст. Соли 1999 фаъолияти кориро дар литсейи №50 барои бачаҳои болаёқати шаҳри Конибодом ҳамчун муаллими забону адабиёти тоҷик ва алифбои ниёгон идома дода, аз соли 2002 ҳамчун мутахассис оид ба нашри китобҳои Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф кор кардааст. Соли 2002 ҳамзамон дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳоло Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон) ба ҳайси муаллими калони кафедраи забонҳо фаъолият намуда, соли 2006 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Хусусиятҳои шаклию бадеии «Искандарномаи кабир» дифоъ намудааст.

Мавсуф соли 2006 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо гирифтани ихтисоси ҳуқуқшинос (ба таври ғоибона) хатм намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 2006 ба ҳайси мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба кор қабул гардида, оғоз аз сентябри соли 2008 дар вазифаи декани факултети забонҳои Шарқ ва аз моҳи марти соли 2011 дар вазифаи муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба робитаҳои хориҷӣ фаъолият кардааст. Аз сентябри соли 2013 докторанти кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, соли 2016 рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Роман дар бораи Искандар ва инъикоси он дар романҳои халқии «Искандарнома» дифоъ намудааст.

Қурбонзода Рухшона Қурбон аз 1-уми октябри соли 2017 ба ҳайси профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият карда, аз 15-уми июли соли 2020 ба вазифаи декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин гаштааст.

Дорои унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» буда, муаллифи 4 монография, 6 китоби дарсию дастурҳои таълимӣ ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *