Тағйироти кадрӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Шоҳин Самадӣ, ки чанд соли охир ба ҳайси сухангӯ ва сардори Раёсати иттилоот ва матбуот дар ин вазорат фаъолият мекард, муовини дабири кулли котиботи қолаби «Осиёи Миёна – Чин» таъин шудааст.
Ба ҷойи ӯ, бо фармони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Суҳроб Нуралӣ, ки то ин замон намояндаи Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Теҳрон буд, сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ таъин гардид.
Шоҳин Самадӣ се соли охир роҳбарии ин раёсати муҳими ВКХ-ро ба уҳда дошт ва ҳамчун яке аз сухангӯёни дастрас барои намояндагони воситаҳои ахбори омма шинохта мешуд. Ӯ хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия мебошад.
Қаблан номбурда дар сафоратҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва ва Минск фаъолият намуда, пеш аз таъин шудан ба вазифаи сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ дар котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) кор кардааст.
Суҳроб Нуралӣ хатмкардаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон буда, пештар дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Федератсияи Русия фаъолият кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ