Тағйиротҳои нави кадрӣ. Раиси Суди олии иқтисодӣ дигар мешавад

Мавлуда Сатторӣ Қаландарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров ба мақоми раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон номзадии Сатториро пешниҳод карда, Мансурзода Наимро бо сабаби расидан ба синни ниҳоӣ аз мақоми раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд кардааст.

Инчунин Президенти  Тоҷикистон Саидзода Маҳмадисо Мурод, собиқ раиси суди шаҳри Турсунзода, Мирзозода Исроил Шоҳимардон, раиси пешини суди ноҳияи Ҳисор ва Қамарзода Рошиддинро ба вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

Президенти Тоҷикистон Ҷамилзода Манучеҳр Файзуллоро, директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва Шарифзода Зафар Кенҷаро, директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак (сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон)» таъин кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *