Табаддулот дар Озодӣ: тағйироти ҷиддии кадрӣ

Сироҷиддин Толибов, хабарнигори бахши ӯзбекии Озодӣ сардабири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ таъйин шуд.

Бино ба гузориши сомонаи Ахбор, маъмурияти Радиои Озодӣ Рустам Ҷониев, продюссери барномаҳои видеоӣ ва Зафар Абдуллоев, таблиғгари барномаҳои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро барканор кардааст.

Ин нахустин тағйироти ҷиддии кадрӣ дар дафтари марказии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага пас аз барканори Соҷида Ҷаъфарова аз мақоми сардабири ин бахш дар баҳори соли ҷорӣ маҳсуб мешавад.

Сироҷиддин Толибов, ки бо номи Сироҷиддин Ислом дар бахшҳои ӯзбекии радиоҳои Би-би-сӣ ва Озодӣ фаъолият кардааст, дар фазои иттилоттии ӯзбекӣ чеҳраи маъруф аст.

Ҳамакнун, Салими Аюбзод, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши тоҷикӣ ба умури идорӣ ва Сироҷиддин Толибов ба масоили эҷодӣ машғул хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *