“Табиби паррон” дар Қазоқистон намоиш дода мешавад (аудио)

Санаи 5-уми ноябри соли равон дар толори Театри драммаи миллии ба номи Мухтор Ауэзови шаҳри Алмаатои Қазоқистон намоиши Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд — “Табиби паррон” намоиш дода мешавад.

Бояд гуфт, ки ин намоишнома бо саркоргардонии Суҳроб Шехов рӯйи саҳнаи театрӣ омадааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 7-уми ноябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 8-умин Фестивали байналмилалии театрҳои касбии Осиёи Миёна баргузор мегардад. Дар фестивали мазкур ҳунармандони театрҳои давлатҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Дар ин фестивали байналмилалӣ Тоҷикистонро Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ муаррифӣ мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.