Тафсилоти садамаи нақлиётии марговар дар “Корвон” (аудио)

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе тафсилоти ҳодисаи нақлиётии марговар дар ҳудуди бозори «Корвон»-ро нашр кард.

Бино бар иттилои маркази матбуотии ин ниҳод, 8-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 12:35-дақиқа, ронандаи автобуси тамғаи “АКИА”, аломати қайди давлатиаш 99-73 ТТ09, ки ба ККВД “Автобус 1” тааллуқ дорад, Мирдонов Шуҳрат Асатуллоевич, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, ки дар хатсайри №18-и шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул мебошад, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Қосимови пойтахт аз тарафи кӯчаи Фирдавсӣ ба самти кӯчаи Н.Қарабоев, дар вақти ворид шудан ба сероҳаи бозори “Корвон”, бо сабаби истеъмоли барзиёди дорувории “Баралгин” пеш аз ҳаракат карданаш, аз таъсири ин доруворӣ аз ҳуш рафта, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст.

Сипас ба автомашинаи тамғаи “Хундаи Солярис”, рақами қайди давлатиаш 87-11 ТТ05, таҳти идораи ронанда Лутфуллоев Беҳруз Суҳробович бархӯрда, баъдан ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, рақами қайди давлатиаш 60-44ВА01, таҳти идораи ронанда Кулуков Амрулло Давлатович бархӯрда, боз ҳаракаташро давом дода, ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Прадо”, рақами қайди давлатиаш 68-68 ОД01, таҳти идораи ронанда Саидов Раҳим Мирсалимович бархӯрда, боз ҳаракаташ давом ёфта, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 21-11 ХТ01, таҳти идораи ронанда Исоев Дилшод Давлатмуродович, ки ин автомашинаҳо ба роҳи худ ҳаракат доштанд, бархӯрдааст.

«Дар ин вақт мусофири автомашинаи мазкур Ҳасанова Шабнам Негматовна, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, ки дар қисмати пеши автомашина дар ҷойи мусофир нишаста буд, аз автомашина хоҳиши фаромадан карда, аз сабаби бархӯрд ба ин автомашина, ҳангоми фаромадан зери чархи тарафи чапи автобуси мазкур монда, пахш мешавад, ки мутаассифона ба ҳалокат мерасад.
 Автобуси зикршуда ба автомашинаи тамғаи “Шкода” бархӯрда, баъдан аз ҳаракат боз мондааст»- иттилоъ додааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дигар мусофирон ҷароҳати ҷисмонӣ набардоштаанд. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *