Тафсилоти сафари Сироҷиддин Муҳриддин ба Русия ва мулоқот бо Сергей Лавров
12-13 феврали соли равон бо даъвати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав қарор дошт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар рафти сафар музокироти вазирони корҳои хориҷӣ дар сиғаи маҳдуд ва васеъ роҷеъ ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин оид ба маосили амният муфассал муҳокима гардиданд.
“Таваҷҷухи хоса ба иқдомоти ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои пурраи тавофуқоте, ки дар зимни музокироти сатҳи олӣ 24 декабри соли 2024 дар вилояти Ленинград ҳосил шуда буд, зоҳир карда шуд. Мавзуи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи муҳоҷират бо тамаркуз ба зарурати риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, муфассал баррасӣ гардид”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.


Зимни музокирот дастгирии мутақобила дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистону Русия дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва дигар абзорҳои бисёрҷониба тасдиқ гардид.
Аз натиҷаи гуфтушунидҳо вазирон Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои солҳои 2025-2026 ва Протоколи иловагии №2 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 1999-ро имзо намуданд.
Музокирот дар фазои эътимод ва созанда, ки хоси муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мебошад, доир гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ