Таъиноти кадрӣ: Аз узви Маҷлиси миллӣ то муовини вазиру директори институт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  кадрҳоеро, ки ба аъзогии Маҷлиси миллӣ ва дар вазифаҳои гуногун дар вазорату идораҳо таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.

Ҳамин тариқ, 15 апрел бо фармони Президенти Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод, Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, Дӯстзода Ҳасан Тағдир, Низом Қосим, Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ ва Ҷабборӣ Бурҳониддин Исҳоқ — аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъин гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғафор Азиз — муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ — сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Шариф Раҳимзода — директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шуданд.

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Нурулло — мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Риозода Нуралӣ Раҳмоналӣ — муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Ёқуб Борон — директори Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Ҳайдарзода Анвар Ҳайдар — Машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *