Такаббур сарчашмаи ҷангу низоъҳо ва тамоми бадбахтиҳои инсният аст
Такаббур яке аз офатҳои ҷомеаи инсонӣ дар тамоми замон буда, зиёнаш беандоза зиёд аст. Он сифати худсарӣ ва истибдодест, ки моро аз меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамдигар ва бо дили соф ба ҷомеа хизмат кардан бозмедорад. Такаббур сарчашмаи адоват ва ҷангу низоъҳо буда, асрҳо ин ҷониб дар байни инсоният вуҷуд дорад. Худписандӣ ва таҳқири дигарон хислати ниҳоят бад буда, кароҳати мардумро нисбати шахси худписанд меорад.
Оре, такаббур шахсро ба ҳалокат мерасонад. Такаббур гуноҳи бузургест, ки Худованди Карим ба қавли хеш моро огоҳ мекунад:
“Саасрифу ъан ойотий аллазина йатакаббируна фи-л-арзи биғайри-л-ҳаққи”.

Ман ононро, ки дар замин ба ноҳақӣ ва аз рӯи кибр даъвои бузургӣ кунанд, аз оёти раҳматам рӯгардон ва мӯъриз гардонам. (Сураи “Алаъроф”)
“Иннаҳу ло йуҳиббу-л- мустакбирина”.
“Муҳаққақан худо бар ботин ва зоҳири онҳо огоҳ аст ва ба кайфари аъмолашон мерасонад ва ӯ ҳаргиз мутаккабиронро дӯст намедорад”. (Сураи “Аннаҳл”).
Зуҳуроти кибр хеле зиёд аст, ки муҳимтаринашон инҳоҳанд: худро бузург ва баланд шуморидан, паст задан ва таҳқири дигарон, аз ҳақ рӯй гардонидан ва ғайра.
Пайғамбарамон Муҳаммад (с) нисбат ба кибр чунин гуфта: “Кибр ин аз ҳақ рӯй гардондан ва эътироф накардани мардум аст”, яъне рад кардани ҳақиқат ва таҳқири мардум мебошад.
Сабабҳои такаббур ин аст, ки шахс бо тамизи хеш, бо илм, амал, насаб, молу ҷоҳ, қувва, зебоӣ ва ғайра мағрур мегардад. Бо ҳусну ҷамол такаббур ва тафохур кардан дар байни занон бештар дида мешавад.
Шахси мутакаббиру худписанд худро бузург шуморида, аз шунидани насиҳати дигарон рӯй метобаду бо раъйи хеш амал карда, ба шикаст дучор мешавад. Такаббур нисбат ба мардум ба такаббур нисбат ба Офаридгор бурда мерасонад, яъне худобехабар мешавад.
Тамоми бадбахтиҳои инсон аз такабур аст
Чуноне ки дар боло зикр кардем, такаббур сарчашмаи кину адоват, ҷангу низоъҳо ва боиси тамоми бадбахтиҳои инсоният дар ҳама давру замонҳост, ки бузургони адаб онро накӯҳиш кардаанд:
Макун гарданфарозӣ то насозад даҳр поймолат,
Ки най охир зи ҷурми саркашиҳо бурё гардид.
Ҳамчунин дар байни мардум мегӯянд ки “шохе ки баланд омад табар бояд хӯрд”. Дар асл ин байт ва ҳикмати халқӣ як маъноро ифода мекунад, яъне такаббур худписандӣ шахсро ба ҳалокат мерасонад.
Пайғамбарамон Муҳаммад (с) дар ҳадисе чунин овардаанд: “Табоҳии нафси инсонӣ ба се чиз аст: такаббур, ҳирс ва ҳасад. Такаббур динро табоҳ кунад, чунон ки шайтонро дучори лаънат кард, ҳирс душмани ҷон аст – Одамро аз биҳишт берун кард, ҳасад пешдаромади бадбахтист-Қобилро ба куштани (бародараш) Ҳобил водошт”.
Такаббур ин сифати шайтонист, ки нахустин бор ҳангоми офаридани Одам зоҳир шуда буд.
Дар Қуръони Карим дар сураи “Алаъроф” оварда шудааст.
“Ва ҳамоно шумо одамиёнро биёфаридем ва он гоҳ ки ба ин сурати комил оростем, фариштагонро ба саҷдаи одам маъмур кардем, ҳама саҷда карданд, ҷуз шайтон, ки аз ҷумлаи саҷдакунандагон (яъне дар ҳақиқат аз навъи фариштагон) набуд. Худои Муттаъол бад-ӯ фармуд чӣ чизе туро монеъ аз саҷдаи одам шуд, ки чун туро амр кардам нофармонӣ кардӣ? Посух дод, ки ман аз ӯ беҳтарам, ки маро аз оташ ва ӯро аз хок офаридӣ”.
Худо ба Шайтон фармуд аз ин мақом фуруд ой ки туро нарасад, ки бузургӣ ва нахват варзӣ. Берун шав, ки ту аз зумраи пасттарин фурӯмоягонӣ. Шайтон гуфт: “Ҳоло, ки рондаи даргоҳ шудаам, пас маро то ба рӯзе, ки халоиқ барои ҷазои неку бадашон барангехта шаванд, муҳлат деҳ”. Худо фармуд: “Албатта муҳлат хоҳӣ дошт”. Шайтон мазҳаби ҷабрро бунёд кард ва гуфт, ки чун ту маро гумроҳ кардӣ ман низ бандагонатро аз роҳи рост, ки шаръ ва оини туст, гумроҳ гардонам. Он гоҳ аз пеши рӯй ва аз пушти сар ва аз тарафи росту чапи онон дармеоям ва ҳар як аз қувваи омила ва идрокии онҳоро ба майли ботил мекашам то бештари онон шукри неъматат ба ҷой наёваранд.

Худо шайтонро гуфт: “Берун шав, ки ту рондаи даргоҳӣ ва ҳар ки аз фарзандони одам туро пайравӣ кунад, ҷаҳаннамро аз туву онон ба яқин пур мегардонам”.
Илоҷи кибру нахват ва ман-манию худписандӣ он аст, ки ҳар як инсон ба худ ояд ва андеша ронад, ки чӣ тавр офарида шудааст. Магар одам аз хок ва фарзандони ӯ аз нутфа офарида нашудаанд?! Ҳар як шахс бояд ибтидо ва интиҳои ҳаёти хешро мулоҳиза кунад.Оё месазад, ки ӯ кибр кунад? Чунон ки Қуръони Карим дар сураи “Абаса” инсонро ба он даъват мекунад, ки чӣ тавр офарида шуданашро пеши назар ораду мулоҳиза намояд ва ҳаргиз кибр наварзад: “Ай кушта бод инсони беимон, чаро то ин ҳад куфру инод меварзӣ. Наменигарад аз чӣ чиз халқ шудааст. Аз оби нутфаи беқадре Худо бад-ин сурати зебо халқаш фармуд. Сипас роҳи хурӯҷ аз нуқс ба камолро ба ӯ саҳлу осон гардонид. Он гоҳ ба вақти муайян ӯро бимиронд ва ба хоки қабр супурд”.
Умари Хайём ин маъниро чунин баён кардааст:
Бар ҳусни ҷавонӣ, эй писар, ғарра машав,
Бас ғунчаи ношукуфта бар хок бирехт.
Шояд овардани ин гуфта ин ҷо раво бошад:
Шале гуфт: “Аҷабо, чаро бани одам ин қадар такаббур мекунанд. Охир онҳо аз маҷрои пешоб ду маротиба омадаанд. Як маротиба аз падар ва маротибаи дигар аз батни модар”.
Чуноне ки гуфтем кибру ғурур, нахвату худписандӣ ва ман-манӣ оқибат ба кину адоват ва ҷангу низоъҳо бурда мерасонад, ки боиси бадбахтиву ҳалокати ҳамон фард, гурӯҳ ё ҷомеа мегардад.

Дар Қуръони Карим дар сураи “Ал исро” чунин омадааст: “Ва ҳаргиз дар замин ба кибру ноз марав ва ғурури нахват мафурӯш, ки ба неру заминро натвонӣ шикофт ва ба кӯҳ дар сарбаландӣ нахоҳӣ расид”.
Дар баъзе идораву корхонаҳои ҳукуматӣ сарваронеро дидан мумкин аст, ки аз ғояти кибру ғурур биниашон осмонро мехарошаду аз одобу фурӯтанӣ нишоне надоранд. На саломро ҷавоб медиҳанду на ба муроҷиати кас эътиное. Шайх Саъдӣ дар ҳақи чунин амалдорон гуфтааст:
Ин боду буруту нахват андар бинӣ,
Он рӯз ки аз амал бияфтӣ бинӣ.
Расули Худо гуфтанд: “Дар ҳақиқат Парвардигор зебост ва зебоиро дӯст медорад. Кибр бошад ҳақношиносӣ ва нописандии мардум аст”.
Мунаввари Сафар
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ