Таъмирпулӣ ҷамъ накунед!
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки барои таъмири мактабҳо маблағ ҷамъ накунанд. Ӯ ин нуктаро дар вохӯрӣ бо омӯзгорони як мактаб дар вилояти Хатлон таъкид кардааст.
Вазорати маориф ва илм иттилоъ додааст, ки Раҳим Саидзода рӯзи 7-уми июн аз мактаби №14-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ва бо омӯзгорон суҳбат кардааст.

Ҳангоми суҳбат вазир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, риояи талаботи қонунгузорӣ, ҷалб накардани омӯзгорон ба обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ ва манъи ҷамъи маблағ барои таъмиру дигар эҳтиёҷоти муассиса таъкид кардааст.
Қаблан Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе низ ҳушдор дода буд, ки ҷамъоварии ҳама намуди маблағ барои таъмиру гармикунонии мактабу кӯдакистонҳо манъ аст. Вале бо ин вуҷуд ҳар сол дар моварои анҷоми соли хониш масъалаи талаби пул барои таъмири мактаб доғ мешавад.
Бояд гуфт, ки масъалаи нокифоягии мактабҳо, мизу курсӣ, синфхонаҳои таълимӣ, таъмирталаб будани онҳо ва ҷамъи иҷбории маблағ аз хонандагон дар Тоҷикистон ташвишовар арзёбӣ мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ дар яке аз суханрониҳояш гуфта буд, ки 314 бинои мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 378 бинои муассисаи таълимӣ таъмирталаб мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, инчунин дар 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо сабаби камбуди синфхона, хонандагон дар се баст таълим мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ