танҳоӣ

Танҳоӣ одамро ба саратон ва сактаи қалб гирифтор месозад?

Дар ҷомеаи муосир шумораи одамони танҳо пайваста афзуда, имрӯз танҳоӣ ба як мушкили иҷтимоӣ табдил ёфта истодааст. Одамон он қадар саргарми кор ва мушкилоти худ ҳастанд, ки оила ва дӯстию рафоқат барин мафҳумҳои муқаддас ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд.

Аксарият фикр мекунанд, ки танҳоӣ аз кашидани бори масъулияти як хонавода беҳтар буда, шахс ҳар чӣ дилаш хост, бемалол ҳамонро анҷом дода метавонад, вале танҳоӣ хатарҳои худро низ дорад. Кам касон медонанд, ки танҳоӣ метавонад боиси сар задани бемориҳои вазнин гардад. 

Аз ҷумла вазни зиёдатӣ, фарбеҳӣ, майзадагӣ ва ихтилоли ғизо аз зумраи бемориҳое мебошанд, ки бештар аз танҳоӣ пайдо мешаванд. Дар ин бора ба расонаҳо Антон Поляков, пизишк ва равоншиноси клиникӣ иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи коршинос, танҳоӣ бо фишори тӯлонӣ ҳамроҳ шуда, ба хастагии музмин, коҳиши хотира ва тамаркуз бурда мерасонад. Гап дар сари он аст, ки танҳоӣ инсонро ба ҳолати стресс гирифтор месозад, ҳар гуна стресс бошад, метавонад боиси аз даст додани моддаҳое гардад, ки ба таҳкими хотира мусоидат мекунанд. Аз ин ҷост, ки фаромӯшхотирӣ дар одамони танҳо бештар мушоҳида мешавад. Одамон аксар вақт дар заминаи афзоиши кортизол (гормоне, ки баданро аз стресс муҳофизат мекунад) аз ҳад зиёд хӯрок мехӯранд.  Дар натиҷа, муқовимати инсулин меафзояд. Аз ҳамин сабаб одамони муҷаррад аксар вақт фарбеҳ мешаванд.

Истеҳсоли нейротрансмиттерҳо-гормонҳои барои рӯҳия масъул дар одамони танҳо ба таври назаррас коҳиш меёбанд. Вақте ки ҳормони шодӣ коҳиш ёфт, дар вуҷуди кас изтироб ва ваҳму воҳимаи ботинӣ зиёд шуда, боиси сар задани ҳар гуна бемориҳо мегардад. Олимон бар он ақидаанд, ки танҳоии доимӣ барои саломатии инсон камтар аз тамокукашӣ ё вазни зиёдатӣ зарар надорад. Одамоне, ки муошират надоранд, масунияти заиф доранд, онҳо бештар ба сироятҳои вирусӣ осебпазиранд. Дар нафарони муҷаррад хатари гирифтор шудан ба саратон, сактаи қалб, инсулт ва ихтилоли хотира

Дар байни одамони муҷаррад занон нисбат ба мардон хеле зиёданд. Ба гуфтаи табибон ва олимон танҳоӣ, махсусан барои занон як ҳолати хатарнок мебошад. Профессор дар Донишгоҳи Бремен, мутахассиси психологияи саломатӣ Соня Липке боварӣ дорад, ки танҳоӣ метавонад ба одамони дигар, ба монанди сироят гузарад. Ба гуфтаи профессор, пас аз муошират бо шахсе, ки нигоҳи гумшуда, чеҳраи ғамгин, садои аламовар ва пушташ хам дорад, ҳар кас эҳсосоти манфиро аз қабили изтироб ва рӯҳафтодагӣ эҳсос мекунад. Набудани муошират метавонад ба депрессия оварда расонад. 

Таҳияи Абдуғаффор ШОДИЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *