Тарофаи “Диёр 55” тарофаи дӯстдоштаи муштариёни “Анор” шуд

Зиёда аз 50% муштариёне, ки ба шабакаи оператори мобилии “Анор” пайваст мешаванд, тарофаи “Диёр 55”-ро интихоб мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бисёри мизоҷони ширкат – истифодабарандагони фаъоли интернет мебошанд.

Силсилаи навшудаи “Диёр”-ро “Анор” ҳанӯз дар оғози тирамоҳ роҳандозӣ карда буд. Дар асоси таҳлили чуқури хоҳишҳои афзалиятноки муштариён тарофаҳо барои гурӯҳҳои мухталифи истифодабарандагон пешбинӣ карда шуданд. Ҳамин тавр, “Диёр 35” ва “Диёр 45” ба онҳое мувофиқ аст, ки дар умум интернетро кам истифода мебаранд, лекин гоҳ-гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешаванд. “Диёр 15” интихоби беҳтарин барои нафаронест, ки тариқи телефон зиёд сӯҳбат мекунанд. Лекин тарофаи аз ҳама серталаб тарофаи “Диёр 55” баромад. Аллакай дар оғози роҳандозии силсилаи тарофаҳо онро 25% муштариёни ба шабакаи “Анор” пайвастшаванда интихоб намуданд. Дар ҳоли ҳозир бошад, ин ҳисса аз 50% зиёдтар шудааст.

Тарофаи “Диёр 55” бо пардохти абонентии 55 сомонӣ имкон медиҳад, ки 14 000 Мб трафик, ки 6 000 Мб-и он барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои WhatsApp, Telegram, Imo, «ВКонтакте», Instagram, Facebook ва Odnoklassniki нигаронида шудааст, истифода бурда шавад. Ба муштариён белимити шабона аз соати 00:00 то 06:59 дастрас мебошад. Инчунин ба тарофа зангҳои ройгон дар дохили шабака ва 1 000 дақиқаи зангҳо ба рақамҳои операторони дигари Тоҷикистон дохил карда шудаанд.

Тарофа пайваста дар навоҳии Тоҷикистон маъруфият пайдо мекунад. Дар гирифтани маълумот оид ба он ба сокинон кормандони ширкати “Анор” кӯмак мерасонанд. Мушовирон ба ҷамоатҳои дурдаст омада, дар бораи тарофаҳои дастрасе, ки ба сарфакунии маблағи барои алоқа пардохтшаванда имконият медиҳанд, ва инчунин дар бораи истифодаи бехатарии интернети мобилӣ ва замимаҳои муфид маълумот медиҳанд. Оператор ба нақша гирифтааст, ки чунин сафарҳоро дар ҳудуди ҳамаи ноҳияҳои кишвар ташкил намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *