Тартиби протоколи маъмурӣ нисбати чанд ронанда
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани чораҳои тартиботи чанде аз ронандагони мошини боркаш бемасъулияти зоҳир карда партовҳои сохтумониро дар соҳили дарёи Душанбе мерехтанд.

Зимни гузаронидани амалиёти санҷишӣ, кормандони Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии милитсияи пойтахт, чанд ҳолати рехтани партов дар соҳили дарёро ошкор карданд.
Аз ҷумла, шаҳрвандон Наҷмиддинов Абдулло, ронандаи нақлиёти тамғаи “Шакман”, рақамҳои давлатиаш 303МА01, Одинаев Ғаюрбек-ронандаи нақлиёти тамғаи “Шакман”, рақамҳои давлатиаш 7189ХХ01, Исоев Асатулло-ронандаи нақлиёти тамғаи “Шакман”, рақамҳои давлатиаш 0825VV01 ва Усмонов Шералӣ-ронандаи нақлиёти тамғаи “ЗИЛ”, рақамҳои давлатиаш 9320НХ01, боздошт гардиданд.
Нисбати ронандагони номбурда бо моддаи 232 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ даст назадан, ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ