Таъсиси беш аз 71 000 ҷойи кор дар Хатлон

Соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 330 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шудааст. Ҳамчунин, дар ин сол беш аз 71 ҳазор нафар бо кор таъмин гардиданд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон имрӯз, 12 феврал дар нишасти хабарии хеш афзуд, ки соли 2024 дар вилояти Хатлон 89 коргоҳ ва корхонаи гуногуни саноатӣ бунёд гардид. Ӯ гуфт, ки феълан 874 корхона дар вилояти хатлон мавҷуд аст, ки нисбати соли 2023 –ум 53 адад зиёд мебошад.

Ба таъкиди вай, дар соли сипаригардида 71 ҳазору 250 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

“Дар соли 2024 – ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12 миллиарду 500 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбати соли 2023 –ум 903 миллиону 100 ҳазор сомонӣ зиёд аст»,-гуфт Давлаталӣ Саид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *