Таъсиси боз ду озмоишгоҳ дар ДМТ (аксҳо)

 Дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмоишгоҳҳои таълимии «Конҳои канданиҳои фоиданок» ва «Гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва глятсиология» таъсис ёфтанд.

Ин озмоишгоҳҳо бо ибтикори ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ташкил ёфтаанд.

Гуфта мешавад, ки озмоишгоҳи таълимии «Конҳои канданиҳои фоиданок» дар назди кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Возможно, это изображение 1 человек и текстОзмоишгоҳ барои  омӯхтани сохти макроскопию микроскопии ҷинсҳои кӯҳӣ ва маъдани аз конҳои мавҷудаи ҳудуди мамлакат ва берун аз он дарёфтшуда пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, ин озмоишгоҳ барои гузаронидани таҳқиқоти геофизикӣ, усулҳои гуногуни омӯзиш ва дастрас намудани конҳои нафту газ ва конденсатҳо нақши муҳим мебозад.

“Дар омӯзишгоҳ инчунин аспирантон, магистрантон ва докторони Ph.D низ метавонанд бо истифода аз асбоби таҷҳизоти муҷаҳҳаз дар ин ҷо корҳои илмии хешро ба сомон расонанд”,-иттилоъ доданд аз ДМТ ба Pressa.tj

Озмоишгоҳи таълимии «Гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва глятсиология» дар назди кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ бо асбобу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин озмоишгоҳ шогирдон аз нозукиҳои илми гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ бархурдор мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *