Тайёраҳои Худо  ҷазои «Толибон”-ро доданд?

 

…26 август гурӯҳи номаълуме  марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур карда, дар роҳ ба сӯи мошини “Нива”-и ҷангалбонони  Тоҷикистон оташ кушоданд.

Дар натиҷа, ду нафар сокини мулкии Фархор кушта ва як нафар захмӣ шуд. Мақомот ин ҳамлаи ғофилгиронаро кори дасти гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи  “Толибон” номиданд. Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳамла Саидов Амирхон Амирович, соли таваллуд 1965, сокини деҳаи Якуми май, ҷамоати деҳоти“20-солагии Истиқлолият” ва Сангаков Давлат Раҷабович, соли таваллуд 1958, сокини деҳаи Марғзор, ҷамоати деҳоти“Ғалаба” кушта шуда, Раҳмонов Сафархон Бӯрихонович маҷруҳ шуд.Ана баъд сар шуд…Сарҳадбонони тоҷик барои мустаҳкам намудани марз чораҳои иловагӣ диданд ва ҳамчунин аз марказ ба гуфти расонаҳо, ба ин минтақа кумаки иловагӣ фиристода шуд. Рӯзи дигар расонаҳои ҷаҳон дар мавриди ҳамла ба як қароргоҳи “Толибон” дар минтақаи Куҳнахонаи вулусволии Дарқади вилояти Тахор аз ҷониби чархболу тайёраҳои Тоҷикистон ва  ё Русия хабар паҳн карданд. Аммо ҷониби Тоҷикистон чунин ҳамларо аз сӯи қувваҳои ҳавоии худ рад намуд ва русҳо низ аз баргузории чунин ҳамла изҳори бехабарӣ намуданд, ҳарчанд ВАО-и онҳо ангушти ишора сӯи Тоҷикистон дароз кардааст. Александр Шарковский, таҳлилгари ҳодисаҳои Афғонистон  дар нашрияи  “Независимая газета” ҳатто ақидае пешниҳод мекунад,ки шояд ин тайёраҳои Амрико бошанд,ки дар шаҳри Багроми Афғонистон мустақар гардиданд ва мақсади онҳо бад кардани муносибат байни русҳо ва “Толибон” аст.Хулоса, ҳар кӣ буд ё набуд,  мувофиқи маълумоти ҷониби Афғонистон дар ин ҳамлаи ҳавоӣ 8 толиб кушта ва даҳ тан захмӣ гардиданд. Шояд ин тайёраҳо аз ҷониби Худо фиристода шуданд ва онҳо   ба сари “Толибон” бомба партофтанд, то ки минбаъд сокинони бегуноҳи Фархори Тоҷикистонро ҳадафи тир қарор надиҳанд? Хоҳ Худо ва хоҳ бандае, ки ин корро ба иҷро расонд, дуруст кард, зеро онҳо бояд донанд, ки ҳар аъмоли бадашон беҷазо нахоҳад монд…Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар мавриди ҳамлаи ҳавоӣ гуфт: «Тасдиқ карда наметавонем. Айни замон дар ин ҳодиса аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии хизматчиёни ҳарбии минтақаи Ҳамадонӣ корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба муайян ва дастгир кардани гурӯҳи силоҳбадастон рафта истодааст. Аммо чархбол аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ истифода бурда нашудааст».Бояд зикр намуд,ки  на танҳо сарҳадбонон чархбол доранд…Афғонҳо дар симои Халил Асир, сухангӯи пулиси вилояти Тахор гуфтаанд, ки тибқи маълумоти хадамоти иктишофӣ амалиёти чархболҳои тоҷик шаби гузашта ва соати 7-и субҳи 27 август сурат гирифтааст. Дар ин ҷангал «Толибон» ҳамроҳбокочоқбаронпойгоҳдуруст карда буданд. Он ҷомулкиҳозиндагӣнадоштанд. Мо марги«Толибон»-ро аз органҳоикашфӣдастраскардем. Онҳоҳаминрӯз барои моҳисоботдоданд.«Толибон» ба хотириинтиқолимаводимухаддир дар ин ҷангалпойгоҳдуруст карда буданд. Яъне, ин ҳамла якбора ба ду ҳадафи худ расидааст: ҳам қотилони ҷангалбонҳои тоҷик ҷазо гирифтанд ва пойгоҳ барои интиқоли маводи мухаддир аз байн рафт ва ба забони ҳарбиён инро “попаст в яблочко” мегӯянд…

Ҳатто Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” тасдиқ кардааст, ки дар марз бо Тоҷикистон задухӯрд ба амал омад, аммо ба гуфти ӯ ҳамла ба шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби қочоқбарон сурат гирифтааст, на “Толибон”. Ӯ мегӯяд: Мо ин ҳодисаро мавриди омӯзиш қарор додем. Ҷангиёни “Толибон” иҷоза надоранд, ки бо кишварҳои ҳамсоя вориди задухӯрд шаванд”. Иҷоза надоранд, вале марзро убур карда, мардумро мепарронанд…Ин ҷо чанд тахмини дигар ҳам ҳаст. Як муфассири ҳодисаҳои Афғонистон андеша дорад,ки шояд ба хотири бад кардани муносибатҳои Русия бо “Толибон”,ки айни замон байни ҳам гуфтушунид доранд ва ҳатто Амрико русҳоро ба кумак ба “Толибон” гунаҳгор мекунад, роҳандозӣ шуда бошад. Агар чунин бошад, ташкилкунандагони он ба ҳадафи худ расиданд: Гуфтушуниди байни гурӯҳи “Толибон” ва ҳукумати Афғонистон бо миёнаравии русҳо ,ки бояд 4 сентябр дар Маскав баргузор мегардид, ба вақти номаълум гузошта шуд…

“Толибон” айни замон, ки қисмати зиёди Афғонистонро зери нуфузи худ қарор додаанд (аз рӯи маълумотҳо, онҳо 70 % ин кишварро идора мекунанд) ҳоло ба ҳеҷ ваҷҳ муносибати худро бо ҳамсокишварҳо бад карданӣ нестанд. Аммо ҳастанд вобастагони ин ҳаракат,ки на ҳамеша ба роҳбарияти худ итоат мекунанд ва бо рафтори худсаронаи худ сиёсати онҳоро зери    хатар мегузоранд. Шояд ин ҳамла низ аз ҷумлаи чунин амалҳо бошад. Зеро то ин дам борҳо ин ҳаракат минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро ишғол намуда буд, вале барои сарҳадбонони мо  онҳо мушкилоти ҷиддие пеш намеоварданд. Акнун пас аз ҳамлаи ҳавоии неруҳои номаълум ба онҳо “сад бор чен мекунанду як бор мебуранд”, ҳарчандки мавзеи бомбабороншуда Кӯҳнахона ном дораду амалҳои террористӣ низ дар ин кишвар  чизи нав нестанд…

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *