Тағйироти кадрӣ дар САҲШ-и ноҳияи Дӯстӣ
Парвина Нуъмонзода ба вазифаи мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Дӯстӣ таъин гардид. Пеш аз ин, ӯ дар шуъбаи ҳамин ниҳод дар вилояти Хатлон фаъолият мекард.
Раҳмон Гулчеҳра Қурбоналӣ, мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки ин тағйирот бо фармоиши Вазири адлияи Тоҷикистон сурат гирифтааст.
То таъини Парвина Нуъмонзода, масъулияти мудири бахшро Озода Амирализода иҷро мекард. Ҳоло ӯ дар захираҳои кадрии Вазорати адлияи Тоҷикистон қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ