Таҳлилҳои амиқи иқтисодӣ дар “Тоҷикистон”, омилҳои уфти рубл дар “Азия+”
Ин ҳафта расонаҳои чопии кишвар ҳар кадоме мавзуҳои мухталифро ба баррасӣ гирифтаву инъикос кардаанд.
Ҳафтаномаи Тоҷикистон (№15, 12.04.2023) аслан ба мавзуҳои иқтисодӣ рӯй оварда, ду матлаби таҳлилии ҷолиберо бо номҳои “10 миллион доллар ба бахши хусусӣ. Аз куҷо меояду ба куҷо меравад?” ва “Аз тахмин то воқеият. Пешгӯйии иқтисоди Тоҷикистон дар суҳбат бо профессор Шариф Раҳимзода” нашр кардааст.
– Мо алҳамдулиллоҳ мусалмонем. Лекин дар масъалаҳои алоқаманд ба фоида мусалмониамон таҳти савол мемонад. Мисол, як рӯз пеш аз Рамазон ва пас аз он ё ҳар гуна идҳо нархи маҳсулот ба маротиб боло меравад. Ҳол он ки, бештари онҳое, ки дар бозор нишастаанд, ҳоҷиҳо ҳастанд. Вақте ки масъалаи пулу даромад шуд, ислом як тараф мемонад. Ҳоло сер накардаанд. Чашмашон гурусна аст. Онҳое, ки дар бозор менишинанд, камбағал нестанд. Онҳо ба синфи миёна дохил мешаванд. Онҳо муаллими мактаби миёна нестанд, ки бо маош тоқат кунанд. Онҳо даромад доранд. Онҳо аллакай ба пулкоркунӣ одат кардаанд. Ҳам аз мағозаашон фоида мегиранд ва ҳам ягон сарчашмаи иловагии даромад доранд. Вале ҳамин ки фурсат ёфтанд, нархро мебардоранд. Аз ҳама даҳшатовартарин бардоштани нархҳо ин давраи пандеми6я буд. Бубинед, ҳамаи онҳое, ки дар дорухонаҳо кор мекунанд, мусалмонанд. Вақте ки коронавирус омад, якбора нархи дорувориро даҳчанд бардоштанд. Мисли гургҳо буданд, ки ба мардум чун ба гӯсфанд нигоҳ мекарданд. Магар ҳамин аст мусалмонӣ?,- аз ҷумла изҳори нигаронӣ кардааст собиқ раиси Бонки миллӣ ва вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва ҳоло директори Институти иқтисод ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода дар суҳбат бо нашрияи “Тоҷикистон”.
Зимнан, ҳафтаномаи “СССР” (№14, 13.04.2023) гузориши вижае таҳти унвони “Саргузашти ПИЁЗ-бойбача дар ҶТ” аз рафти ҳосилғундории пиёз дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон омодаву чоп карда ва ба чунин хулоса расидааст: “Тавре дидем, деҳқон пиёзи барвақтиро бо назардошти тамомии сарфу харҷаш имрӯз 4 сомонӣ сари ҳар кило нарх карда мефурӯшад. Ба ҳисоби мову деҳқон бо дарназардошти нархи бор кардану фаровардан ва бензину газу солярка, нархи пиёз имрӯз дар бозор бояд на зиёд аз 4,50 – 4,80 сомонӣ бошад, на 8-9 сомонӣ, вале чаро чунин аст? Ин 4 сомонии дигарро ба нархи деҳқон кӣ зам кард: «паразитҳо», тавре миёнаравҳои бозорро ном карда буд собиқ шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ё савдогарон, ки 4 сомонӣ мехаранду 8 сомонӣ мефурӯшанд? Деҳқон 9 моҳ пул харҷ мекунаду меҳнат, то лоақал 1 баробари кардааш даромад ба даст орад, вале савдогарон бе меҳнату заҳмат дар ҷойи нишастаашон баробари марди деҳқон 1 баробари дигар фоида мегиранд… Чаро? То кай бозорҳои кишвар Шаҳри Бедарвоза боқӣ мемонанд?”.
Рӯзномаи расмии “Ҷумҳурият” (№75-76, 12.04.2023) бошад, мақолаи ҷолибе бо номи “Ширкатҳо, шабакаҳо: Аз ҳақиқат то дурӯғу фиреб” ба нашр расонида, аз ҷумла чунин намуна овардааст: “Чанде пеш доруи бисептолеро тарғиб менамуданд, ки ба таъкидашон аз он истифода накунем, чун дар таркибаш вирусҳои кушандаи инсониро ҷой додаанд. Инчунин, гӯё Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ эълон кардааст, ки хурмоҳои ин кишварро пеш аз хӯрдан ҳатман бишӯянд, чунки як навъ шабпараке бар онҳо дар дарахтҳо нишаста ва вирусҳоро паҳн намудаанд. Аз хамираи дандоншӯие низ гуфтаанд, ки дар онҳо хуни муш омехта кардаанду ба ин васила оҳиста-оҳиста заҳрҳои кушандаро ба вуҷуди одамҳо ҷой менамоянд. Навъи конфетеро ҳам нишон додаву дар хусуси истеҳсолашон гуфтаанд, ки аз як навъ ҳайвоноте истифода месозанд. Дар охир таъкид мекунанд, ки барои наҷоти дӯстону наздиконатон ҳатман наворро бифиристед. Дар ин ҳол ҳама дар ташвиш, ранҷу азоби дарунӣ ба даҳҳову садҳо нафар эълонҳои дурӯғинро ирсол менамоянд. Маълум аст, ки як ширкати номаълум ба ширкати овозадори дигар мехоҳад зарари иқтисодӣ биёрад. Шабакаҳо бошанд, бо истифода аз соддагии мо маблағи зиёди пулӣ ба даст меоранд”.
– Бояд донову зирак бошем. Некро аз бад фарқ гузошта тавонем. Бо пулҳое, ки барои чунин роҳнамоиву маълумотҳои нодурусту фиребҳо сарф мекунем, беҳтар аст дониш биандӯзем, сатҳи зиндагии худро беҳтар намоем ва ба қадри вақт, умри азизамон бирасем,- хулоса кардааст рӯзнома.
Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” (15, 13.04.2023) низ дар шумораи ин ҳафтаи худ мақолаи хондание таҳти унвони “Синамои миллӣ таърих месозад ё таърих месӯзад?” ба нашр расонидааст.
– Дар сарамон ҳазорҳо суол чарх мезанад, ки бояд МД “Тоҷикфилм” ба ин ҳама саволҳо посух бигӯяд. Бо хару ароба киро нишон додан мехоҳед? Чаро дар филмҳои мо фақат бечоранолист? Магар таърихи шаҳрсозиву тамаддуни ҳазорсолаи мо тоҷиконро бо чунин таппаку деворҳои чаппашуда нишон медиҳед? Харро рамзи тоҷикон карданиед? Рақси ҳиндуҳо тавассути филмашон ҷаҳонӣ шуд, Русияву Амрико қудрати ҳарбияшон, Туркия хонаву ғурурашонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд, шумо чиро дар филмҳои тоҷикӣ муаррифӣ карданиед? Чаро ободиҳои деҳоти мо, ба таври бесобиқа тайи чанд соли охир ободу зебо шудани Душанбеи мо ба чашми коргардонҳои мо наметобад?,- эътироз кардааст муаллифи ин мақола.
Чун рӯзи 15-уми апрел мавлуди Қаҳрамони Тоҷикистон, нависандаву олими маҳбубамон Садриддин Айнӣ аст, рӯзномаи “Минбари халқ” (№14, 12.04.2023) бо номи “Аҳамияти асарҳои ватандӯстонаи Айнӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, ҳафтаномаи “Самак” (№14, 13.04.2023) таҳти унвони “Тафаккури адабии Садриддин Айнӣ”, нашрияи “Тоҷикистон” (№15, 12..4.2023) таҳти унвони “Азамати Айнӣ” ва ҳафтаномаи “Омӯзгор” (№15, 13.04.2023) бо номи “Устод Садриддин Айнӣ падидаи таърихист” матолиб ба нашр расонида, оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёту фаъолияти ӯ маълумот додаанд.
Ҳафтаномаи “Азия+” (№13, 13.04.2023) бошад, бо нашри матлабе таҳти унвони “Пушти уфти рубл чӣ меистад?” ба инъикоси яке аз мавзуҳои муҳими рӯз – поин рафтани қурби рубли русӣ рӯй оварда, омилҳои онро гуфтааст.
Шарҳи матбуоти кишварро ҳар ҳафта қисмати аввали рӯзи ҷумъа дар сомонаи Pressa.tj интизор шавед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ