Темур Раҳимов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Бо тасмими ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. ва ташаббуси бахши ҷавонони донишгоҳ паҳлавони номдор, ғолиби мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» Темур Раҳимов ба донишгоҳ омадааст.

Тавре аз ДМТ мегӯянд, дар ҳар як ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ аз ҷониби ректор Қобилҷон Хушвахтзода ба варзишгарони донишгоҳ, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд, ифтихорномаҳову сипосномаҳо супурдаву бори дигар муборакбод гуфта мешаванд.

— Ҷавоне хоксору фурӯтан ва бомаърифату ватандӯст — Темур Раҳимов дар аввалин рӯзҳои соҳибномии паҳлавонияш ба донишгоҳе омад, ки онҷо таҳсил дорад. Баъди табрикоту суҳбати ректор Темур Раҳимов аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан намуд. Дар 19 факултети донишгоҳ садҳо нафар донишҷӯён таҳсил доранд, ки парчамбардори ватан дар арсаҳои байналмилалӣ мебошанд. Алҳол Темур барои онҳо идеал хоҳад буд ва аз ҷумла, вохӯрии варзишгарони донишгоҳ бо Темур Раҳимов рӯзҳои наздик ба нақша гирифта шудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *