Тими миллии Тоҷикистон ба 100-гонаи беҳтарини раддабандии ФИФА ворид шуд

Тими миллии Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандии нави ФИФА, ки 19 январ нашр шуд, беҳтар кард. Дастаи кишвар бо 1224,93 хол як зина боло рафта, дар ҷойи 100-ум қарор гирифт.

Дар раддабандии қитъавӣ Тоҷикистон миёни дастаҳои Осиё зинаи 17-умро ишғол мекунад. Бозии навбатии яккачини кишвар 31 март дар шаҳри Ҳисор баргузор шуда, Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо мунтахаби Филиппин рақобат мекунад.

Нашри навбатии раддабандии ФИФА 1 апрел эълон мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *