Тоҷикӣ дар Урумчӣ. Чӣ тавр ҷавони уйғур забони моро омӯхт?

Қариб як моҳ мешавад, ки дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии мардумии Чин қарор дорам ва ба ин давлат барои саёҳат омадаам. Вақте ба ин ҷо омадам, дар паёмак бисёре аз дӯстон ба ман шӯхиомез менавиштанд, ки дар ин кишвар чӣ мехӯрда бошам!? Вале дар Урумчӣ натанҳо ошхонаи хуб пайдо кардам, балки ошхонадоре, ки бо забони тоҷикӣ суҳбат мекард…

Зимни сафар аз хӯрокҳои Урумчӣ ба обуначиёнам навор кардам. Ногуфта намонад, дар шаҳри Урумчӣ асосан уйғурҳо зиндагӣ мекунанд ва зиёда аз 40 фисади калимаҳо ва инчунин урфу одаташон ба тоҷикон монанд аст ва фикр мекунам, ки сарчашма аз Чоч ва Самарқанд доранд.

Хуллас, яке аз наворҳоямро аз ошхонаи уйғурии “Хонсарой”, ки наздиктар ба меҳмонхонаамон буд, омода кардам. Дар ин ҷо пешхизматҳо бо ман бо забони ӯзбекӣ суҳбат карда, дархостамро гирифтанд ва ман ҳам хӯроки нисфирӯзиро хӯрдаму ҳам барои обуначиёнам навор гирифтам.

Як рӯз баъд аз наворро гузоштан дар назди меҳмонхона будам, ки ду-се мард аз Тоҷикистон наздам омаданду баъди салому ҳолпурсӣ пурсиданд: “Абдуқаҳҳорро ту будӣ навор гирифтӣ? Мо гуфтем, ӯ хурсанд шуд…”.

Ростӣ ҳайрон шудам. Баъдан пурсидам, ки Абдуқаҳҳор кист?

“Ҳамон ошхонае, ки наворашро гузоштӣ. Он ҷавон тоҷикиро хуб медонад”,- гуфтанд дар ҷавоб.

Ҳамин ҷавобашон буд, ки маро дубора ба сӯйи он ошхона бурд. Хӯроки шом бо дугонаам Мавзуна роҳ пеш гирифтем ба ҳамон ошхонае, ки зиёд мехостам бираваму бо он ҷавон суҳбат кунам.

Инак, мо ҳам расидем ва вақти дар миз нишастан пешхизмат аввал чойро овард. Ногуфта намонад, ки дар Урумчӣ ба кадом тарабхона ё ошхонае надароед, ҳатман аввал наздатон чой меоранд, баъд рӯйхати хӯрокҳоро.

Вақте аз мо хӯрокро дархост гирифтанд, худи ҷавон наздам омаду бо шодиву хурсандӣ пурисд: “Шумо апаи Зайнаб ҳастед?”.

Гуфтам, бале!

Гуфт, ба ман наворатонро нишон доданд ва суҳбати мо низ оғоз шуд.

Абдуқаҳҳор зодаи шаҳри Урумчӣ, яъне уйғур аст. Тӯли 15 сол мешавад дар ошхонаи “Хонсарой” кор мекунаду ба гуфтааш зиёде аз тоҷикон ҳаминҷо меоянд, аз ин рӯ, шавқи омӯхтани забони тоҷикӣ низ маҳз дӯстони тоҷикистониаш будаанд. Ва ҳоло бо мардуми тоҷик хуб суҳбат мекунад. Абдуқаҳҳор соли 2009 бо даъвати дӯстон ба Тоҷикистон сафар намуда, як муддат дар онҷо кор низ кардааст. Ва инчунин аз таассуроташ нақл карду мо низ бо завқ гӯш кардем ва ҳам навор низ гирифтем.

Абдуқаҳҳор мегӯяд, ки забони ҳам ширин ва ҳам осон забони тоҷикист. Ва аз мардуми Тоҷикистону меҳмоннавозияшон бо эҳсоси баланд ҳарф заду оянда ният дорад ба ин сарзамини зебову дӯстдоштанӣ биёяд…

Зайнаб ҲУСЕЙНОВА,

шаҳри Урумчии Ҷумҳурии мардумии Чин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *