Тоҷикдухтар ба олимпиадаи Лондон меравад

Омина Худойқулова, як мактабхони 14-сола аз ноҳияи Восеъ дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло шудааст.

Омина хонандаи синфи 8-и Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ буда, дар даври ниҳоии олимпиада, ки аз 31-уми июл то 7-уми августи соли 2022 дар донишгоҳи «Брунел»-и шаҳри Лондони Бритониёи Кабир баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.

Ҳадаф аз баргузории олимпиада дар сатҳи баланд омӯхтани забони англисӣ буда, ширкаткунандагоне, ки дар ҳама даврҳои ин олимпиада ғолиб омадаанд, тибқи низомномаи озмун метавонанд барои таҳсили ройгон дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англия роҳхат бигиранд. Бояд гуфт, ки олимпиадаи Teeneagle ONLINE рӯзи 26-уми марти соли равон тариқи фосилавӣ баргузор гардида буд ва ин хонандаи тоҷик  мақоми аввалро ба даст овардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.