Тоҷикистон ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зарбаҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил ба таъсисоти ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки 22 июни соли 2025 сурат гирифтанд, қатъиян маҳкум кард.
Дар изҳороти расмии ВКХ зикр шудааст, ки ин ҳамла метавонад боиси авҷ гирифтани низоъ ва табдил ёфтани он ба ҷанги фарогир гардад, ки хатарҳои ҷиддӣ барои минтақа ва ҷаҳон хоҳад дошт.
Тоҷикистон бо такя ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аз Созмони Милали Муттаҳид, Агентии байналмилалии энержии ҳастаӣ (МАГАТЭ) ва дигар созмонҳои дахлдор даъват кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин низоъҳо ва эҳтимоли фоҷеаҳои экологӣ чораҳои фаврӣ андешанд.
«Роҳи ягонаи ҳалли ҳама гуна муноқишаҳо танҳо муколамаи сиёсию дипломатӣ аст», — таъкид кардааст ВКХ ва афзудааст, ки Тоҷикистон аз ҳама талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба коҳиши ташаннуҷ ва барқарорсозии сулҳ дар Ховари Миёна равона шудаанд, пуштибонӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 22 июн нерӯҳои ҳавоии ИМА ва Исроил ба се таъсисоти муҳими ҳастаии Эрон — Форду, Натанз ва Исфаҳон — зарба заданд. Ба иттилои The New York Times ва Reuters, дар ин амалиёт бомбандозҳои B-2, бомбҳои GBU-57 ва мушакҳои Tomahawk истифода шуданд.
Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки ин амалиёт “бо муваффақ анҷом ёфта, ҳадаф маҳдуд кардани иқтидори ҳастаии Эрон будааст”. Дар посух, Теҳрон гуфт, ки таъсисоти ҳадафшуда қаблан эвакуатсия шуда буданд, аммо аз ғанигардонии уран даст нахоҳад кашид.
Эрон ин амалиётро нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ хонд ва дар вокуниш беш аз 30 мушаки баллистикӣ ба самти Исроил партоб намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ