Тоҷикистон дар мақоми аввал дар «TeenEagle»

Имрӯз иштирокчиён ва ғолибони Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, ки дар Лондони Бритониёи Кабир баргузор гардида буд, ба ватан баргаштанд. Иштирокчиёни озмунро мутантан пешвоз гирифтанд.

Мавриди ёдоварист, ки дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, ки аз 31-уми июл то 7-уми августи соли 2022 баргузор гардид, 76 нафар хонандагони болаёқат аз минтақаҳои Тоҷикистон бо ҳамроҳии як гуруҳ омӯзгори фанни забони англисӣ сафарбар гардида буданд. Аз ин шумора 31 нафар ҷойҳои ифтихорӣ гирифтанд.

Маросими ҷоизасупорӣ санаи 5-уми августи соли 2022 дар Донишгоҳи «Оксфорд»-и шаҳри Лондон баргузор гардид ва Тоҷикистон бо медали Фирӯза Абдуллоева дар категорияи ИГЛС (хонандагони синфҳои 9-12) дар олимпиадаи мазкур мақоми аввал, Озарбойҷон мақоми дуввум ва кишвари Камбоҷа мақоми сеюмро касб намуданд.

Фирӯза Абдуллоева — хонандаи синфи 10-и МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи ҷамъбасти олимпиада аз рӯи 4 бахш ва категорияи ИГЛС (синфҳои 9-12) Қаҳрамони олимпиада, соҳиби медали тилло, холи аз ҳама баланд ва Ҷоми Уқоби тиллоии олимпиадаи мазкур гардид.

Олимпиадаи байналмилалии «Teeneagle» дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон ҳамасола  баргузор гардида, имсол дар ин озмун зиёда аз 400 нафар хонандагон аз 300 муассисаи таълимии дунё ва 27 кишвари олам иштирок намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *