Тоҷикистон ва Эрон аз моҳи март раводид барои ронандагони боркашро бекор мекунанд
Аз аввали моҳи марти соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Эрон реҷаи раводидро барои ронандагон ва ёварони ронандагони ҳамлу нақли байналмилалӣ лағв мекунанд.
Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандагони дорои шиносномаи одии Тоҷикистону Эрон метавонанд бидуни гирифтани виза тариқи ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ ба қаламрави якдигар ворид шаванд. Муҳлати иҷозатдодаи будубош то 30 рӯз дар ҳар давраи 90-рӯза муайян шудааст.
Дар ВКХ таъкид кардаанд, ки “ин иқдом ба осон шудани ҳамлу нақли байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва баланд бардоштани самаранокии логистика миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард”.
Ёдовар мешавем, масъалаи лағви виза барои сафарҳои заминӣ моҳи апрели соли 2025 зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои дохилии Эрон Искандар Муъминӣ баррасӣ шуда буд. Қаблан низ дар соли 2025 ду кишвар низоми раводидро барои сафарҳои ҳавоӣ пурра бекор карда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ