Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ созишномаи таҳсилоти рақамиро имзо карданд

Вазорати маориф ва илми  Тоҷикистон ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти тафоҳумро дар соҳаи таҳсилоти рақамӣ имзо намуданд.

Ҳуҷҷати мазкурро дар шаҳри Душанбе Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва Чхве Гё Ҷин, директори Идораи маорифи шаҳри Сежонг имзо карданд.

Тибқи иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, амалии санади мазкур то соли 2028 пешбинӣ шудааст.

Он ба рушди таҳсилоти рақамӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф равона шудааст. Тибқи он, омӯзгорони тоҷик имконият хоҳанд дошт, ки дар Кореяи Ҷанубӣ усулҳои муосири таълимии рақамиро омӯзанд. Ин иқдом на танҳо ба таҳкими инфрасохтори таълимии Тоҷикистон мусоидат мекунад, балки ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи таълимро дар кишвар таъмин менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *