Тоҷикистону Қирғизистон гардиши савдоро ба $500 миллион расониданӣ ҳастанд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд ҳаҷми савдои мутақобиларо дар давраи миёнамуҳлат то ба 500 миллион доллар расонанд.
Ин нукта зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Бакит Сидиков, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон баргузор шуд, таъкид гардид.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои расидан ба ин ҳадаф Харитаи роҳ оид ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва афзоиши ҳаҷми савдо таҳия ва татбиқ карда шавад.
“Барои расидан ба ин ҳадаф заминаи мусоид ва иқтидори иқтисодии ҳар ду кишвар басанда аст”, – изҳор дошт Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Тарафҳо ҳамчунин оид ба соддасозии расмиёти гумрукӣ ва савдо, осон кардани интиқолу транзити молу маҳсулот, рақамикунонӣ, ва фаъолсозии долонҳои тиҷоратӣ табодули назар карданд.
Завқизода зикр намуд, ки муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд ва шароити мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ фароҳам омадааст.
Дар анҷоми мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва мутақобилан судманд таъкид карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ