Тоҷикистону Муғулистон. Аз мулоқоти расмӣ то ҳамкориҳои иқтисодӣ
Сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Тоҷикистон, ки аз 23 то 26-уми июли соли 2025 идома хоҳад кард, қадами муҳим дар равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон арзёбӣ мешавад. Ин сафар, ки бо даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, дар баробари аҳамияти сиёсӣ, заминаҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро ба миён мегузорад.
Муносибатҳои сиёсӣ – асоси ҳамкорӣ
Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Муғулистон ҳанӯз аз ибтидои солҳои 1990-ум оғоз гардидаанд. Дар ин муддат, бо вуҷуди набудани сарҳади мустақим ва масофаи дур, ҳамкориҳо дар сатҳи баланди сиёсӣ нигоҳ дошта шудаанд. Аммо ба андешаи соҳибназарон, сафари Президенти Муғулистон бори дигар нишонаи таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб ба таҳкими ин робитаҳо мебошад.
Яке аз паҳлуҳои муҳими ин сафари давлатӣ мулоқоти расмии сарони ду кишвар ва имзои як қатор санадҳои ҳамкорӣ аст. Онҳо метавонанд ба густариши муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар замина гузоранд. Маврид ба зикр аст, ки соли 2009 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон сафари давлатӣ анҷом додааст.
Фурсати нав барои густариш
Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Муғулистон дар 5 моҳи аввали соли равон ҳамагӣ 172 ҳазор долларро ташкил додааст. Ин рақам ҳанӯз нишондиҳандаи сатҳи поёни робитаҳои тиҷоратӣ мебошад ва барои рушди минбаъда имкониятҳои бузургро боз мекунад.
Форуми иқтисодӣ, ки рӯзи 24-уми июл дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” дар Душанбе баргузор мешавад, талоши ду ҷониб барои таҳкими равобити иқтисодӣ аст. Иштироки беш аз 60 ширкати бонуфузи Муғулистон ва сармоягузорони Тоҷикистон дар ин форум нишон медиҳад, ки ба рушди ҳамкорӣ таваҷҷуҳ мавҷуд аст.
Форуми мазкур ҳамчун майдони муаррифии имконоти сармоягузории ду кишвар, муколамаи мустақими соҳибкорон ва баррасии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои энергетика, саноати сабук, нақлиёт, сайёҳӣ ва кишоварзӣ доир мешавад.
Чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Муғулистон, ки иқтисоди он ба истихроҷи захираҳои табиӣ ва содироти маъдан асос ёфтааст, метавонад дар самти таҷриба ва ҷалби сармоя барои рушди бахши кӯҳкории Тоҷикистон саҳмгузор бошад. Ҳамзамон, имкони содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла меваю сабзавот ва гиёҳҳои шифобахш ба бозорҳои Муғулистон метавонад як самти нави ҳамкорӣ гардад. Моҳи майи соли равон вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Сафири Муғулистон дар Тоҷикистон Доржийн Баярхуу мулоқот карда, масоили ҳамкориро дар бахшҳои иқтисодӣ, аз ҷумла аграрӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг
Рӯзҳои фарҳангии Муғулистон, ки дар доираи сафари расмӣ баргузор мешаванд, муҳити муносибро барои шинохти мардумони ду кишвар ба вуҷуд меоранд. Баргузории намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва консертҳо дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ саҳнаи дӯстии мардумони ду кишварро боз ҳам рангинтар хоҳад кард.
Ҳамчунин, боздиди ҳайати фарҳангӣ ва намояндагони расмии Муғулистон аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳии Тоҷикистон метавонад дар оянда ба густариши туризми мутақобила ва ташкили сафари гурӯҳҳои сайёҳӣ мусоидат намояд.
Ба андешаи коршиносон, сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон оғози марҳалаи нави ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар аст.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ